Боздиди В. Колоколтсев аз автодроми Хуҷанд

Август 15, 2014 09:33

Душанбе, 15.08.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Зимни сафар дар доираи мушовараи якҷояи вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия вазири корҳои дохилии ФР генерал-полковники политсия Владимир Колоколтсев ва муовини вазири корҳои дохилии ин кишвар генерал-полковники политсия Виктор Кирянов аз автодроми шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд дидан намуданд. Тавре ки ВКД ҶТ хабар медиҳад, ҳангоми боздид аз автодроми шаҳри Хуҷанд онҳо ба тарзи тайёр намудани ронандагони тахассусӣ, қабули имтиҳонҳо ва додани шаҳодатномаҳои ронандагии биометрӣ (пластикӣ) аз наздик шинос шуданд.Вазири корҳои дохилии ФР изҳор намуд, ки шаҳодатномаҳои ронандагии биометрӣ ба талаботи Конвенсия «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ буда, аз ҷиҳати технологияи ҳозиразамон дар давлатҳои собиқ Иттиҳоди шӯравӣ дар ҷойи аввал меистад.В. Колоколтсев аз истифодаи ин автодром изҳори қаноатмандӣ намуда, зикр кард, ки чунин шароити муосир ба муҳоҷирони меҳнатӣ имкон медиҳад, ки шаҳодатномаҳои ронандагии биометриро минбаъд дар Федератсияи Русия озодона истифода баранд.Бояд зикр намуд, ки автодроми мазкур бо тарзи замонавӣ сохта шуда, бо тамоми таҷҳизоти техникӣ муҷаҳҳаз мебошад. Шаҳодатномаҳои ронандагии биометрӣ дорои микрочип буда, тамоми қоидавайронкунии ҳаракат дар роҳро нишон медиҳанд.Ёдовар мешавем, ки ташрифи вазири корҳои дохилии Федератсияи Русия В. Колоколтсев ва ҳайати кории ӯ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 11 августи соли ҷорӣ сурат гирифт.

Август 15, 2014 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад