Бунёди корхонаҳо бо истифода аз маблағҳои Русия
Душанбе, 14.08.2014. (АМИТ «Ховар», Марҳабои Азамат). — Тавре ки аз Сафорати Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Федератсияи Русия чанд сол боз шарики Тоҷикистон дар бахши маблағгузорӣ ба шумор рафта, барои рушди иқтисодиёти кишвар беш аз 1 миллиарду 600 миллион доллари ИМА сарф намудааст. Алҳол дар ҳудуди Тоҷикистон беш аз 130 корхонаи муштарак бо иштироки Русия фаъолият дорад. Назар ба хабари манбаъ, даромади буҷети федералии Русия аз фурӯши маҳсулоти нафт ба Тоҷикистон аз моҳи ноябри соли 2013 қариб 300 миллион доллари ИМА — ро ташкил дод. Ҳар сол муҳоҷирони Тоҷикистон, ки дар Федератсияи Русия фаъолият доранд, ба кишвар маблағи ҳангуфтро интиқол медиҳанд, ки ин ба вазъи иҷтимоию иқтисодии кишвар таъсири мусбат мерасонад. Масалан, соли 2013 муҳоҷирони тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон 4 миллиарду 200 миллион доллари ИМА интиқол доданд.








АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад






