Ф. Солиев: «Кишварҳои СҲШ дар рушди иқтисоди ҷаҳонӣ нақши калидӣ доранд»

Август 22, 2014 10:47

 
            Душанбе,22. 08.2014.(АМИТ «Ховар»).- Дар нимаи аввали моҳи сентябр дар Душанбе нишасти сарони кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай /СҲШ/ баргузор гардида, дар он масъалаҳои муҳими марбут ба тақвияти ҳамкориҳои кишварҳои ин созмони муътабар дар бахшҳои мухталиф мавриди баррасӣ қарор дода хоҳанд шуд. 
        Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки узви ин созмони бонуфуз мебошад,  ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратиаш бо  кишварҳои СҲШ дар кадом сатҳ аст? Ба ин ва дигар саволҳои хабарнигори АМИТ «Ховар»  Фаррух Солиев  -сардори Раёсати робитаҳои иқтисоди хориҷии Вазорати рушди иқтисод ва савдои  ҷумҳурӣ посух дода гуфт, ки  ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои аъзои СҲШ дар сатҳи баланд қарор дошта, нақши кишварҳои СҲШ дар рушди иқтисоди давлати мо ва татбиқи як силсила барномаҳои гуногуни  иқтисодию тиҷоратӣ муассир аст.
 
            —  Фаррух Солиев,  дар доираи СҲШ кадом санадҳо қабул шудаанд, ки ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии кишварҳои аъзои ин созмони муътабарро ба танзим медароранд?
            — Дар чаҳорчӯбаи ҳамкориҳои давлатҳои СҲШ якчанд санади  муҳим қабул шудааст, ки  онҳо самти асосии ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва дигар соҳаҳои судмандро муайян менамоянд. Барномаи ҳамкориҳои  тиҷоратӣ-иқтисодии бисёрҷонибаи  давлатҳои  аъзои СҲШ ва номгӯи чорабиниҳо доир ба рушди  ояндаи фаъолияти лоиҳавӣ дар доираи СҲШ барои солҳои 2012-2016 аз ҳамин қабил аст. Бояд тазаккур дод, ки Барномаи ҳамкориҳои  тиҷоратӣ-иқтисодии бисёрҷонибаи  давлатҳои  аъзои СҲШ бо мақсади рушди соҳаҳои судманд, аз қабили энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, сармоягузорӣ, ҳамкориҳои тиҷоратӣ, рушди бахши соҳибкорӣ қабул  шудааст ва барои амалӣ намудани барномаи мазкур нақшаи чорабиниҳо тарҳрезӣ ва роҳандозӣ гардидааст. 
 
            —  Дар танзими ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии кишварҳои  
СҲШ кадом сохторҳо масъуланд?
          -Бояд тазаккур дод, ки  дар СҲШ якчанд сохтор  вуҷуд  дорад, ки онҳо амалӣ намудани мақсаду  пешниҳодҳоеро, ки аз ҷониби сарони давлатҳо ироа мегарданд ва қарорҳоеро, ки  қабул мешаванд, ба танзим медароранд. Яке аз чунин сохторҳо дар бахши тиҷорату иқтисод ҷаласаи вазирони  давлатҳои аъзои СҲШ  мебошад, ки барои фаъолияти иқтисодӣ ва тиҷорати беруна  масъул аст. Инчунин дар доираи ҷаласаи вазирони давлатҳои СҲШ ҳамчун зерсохтори ҷаласаи вазирон комиссияи шахсони мансабдори воломақоми вазоратҳо, ки  барои фаъолияти иқтисодӣ ва тиҷорати беруна масъуланд, вуҷуд дорад. Дар комиссияи мазкур масоили марбут ба ҳамкориҳои судманд дар сатҳи коршиносон, намояндагони  вазоратҳое, ки сиёсати иқтисодиро пеш мебаранд, баррасӣ мешаванд. Ҷаласаҳои он  дар як сол ду маротиба баргузор мегардад ва ҳамчун замина барои гузаронидани ҷаласаи вазирон истифода мешавад. Бояд зикр кард, ки  комиссияи мазкур  якчанд зергурӯҳ дорад, ки он гурӯҳҳои  махсуси корӣ  номида мешаванд ва он ба  самтҳои гуногун тақсим шудаанд. Гурӯҳҳои махсуси  корӣ  масъалаҳои вобаста ба ҳамкориҳои  тиҷоративу сармоягузорӣ, ҳамкориҳои гумрукӣ, ҳамкориҳо дар соҳаи энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, илму маориф, фарҳанг  ва иттилоотию коммуникатсиониро баррасӣ менамоянд. 
 
         —  Оё дар пешбурд ва рушди бахши  хусусӣ ягон сохтор фаъолият менамояд?
       -Бале, дар бахши рушди хусусӣ Шӯрои кории  СҲШ фаъолият менамояд, ки дар он раисони Палатаҳои савдо ва саноати кишварҳои  СҲШ намояндагӣ менамоянд. Дар ҷаласаҳои Шӯрои  кории СҲШ масъалаҳои  марбут ба таҳкими ҳамкориҳои судманди бахшҳои тиҷорат  матраҳ мегарданд. Алҳол  Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар Шӯрои кории СҲШ раисӣ менамояд ва аз ҷониби кишвари мо онро Шариф Саид -раиси Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ роҳбарӣ мекунад. 
          Дар  Шӯрои  кории СҲШ масъалаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар созмон, инчунин лоиҳаҳои сармоягузории  судманд баррасӣ мешаванд, ки баъдан ба ҷаласаи вазирони давлатҳои  СҲШ барои баррасӣ ва  қабули қарорҳои дахлдор ироа мегарданд. 
 
         —  Гардиши молро байни кишварҳои СҲШ чӣ гуна арзёбӣ менамоед? 
      -Кишварҳои  СҲШ дар робитаи иқтисоди хориҷӣ ва дар гардиши моли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмӯъ саҳми калон доранд. То ҷое мусаллам аст,  бархе аз кишварҳои аъзои СҲШ, назири Русия, Чин ва  Қазоқистон шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон мебошанд. Дар маҷмӯъ саҳми  ин се давлат бо гардиши мол бо созмони мазкур калон аст.  Ҳиссаи СҲШ дар гардиши савдои хориҷӣ тақрибан 50%-ро ташкил менамояд ва сол то сол тамоюли афзоиши гардиши мол дар дохили СҲШ ба назар мерасад. Соли 2012 гардиши мол байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои СҲШ 2 миллиарду 585 миллион $  ва соли 2013 -ум 2 миллиарду 621 миллион  $-ро ташкил намуд. Афзудани гардиши савдои хориҷӣ дар дурнамои худи созмон ҳам вуҷуд дорад. Агар мо ба сохтори гардиши савдои хориҷӣ бо давлатҳои аъзои СҲШ  нигарем, омор ба мо нишон медиҳад, ки дар соли 2012 содироти мол аз Тоҷикистон ба кишварҳои СҲШ 400 миллион $ ва дар соли 2013 -ум 307 миллион $-ташкил дод. Ва воридоти молҳо аз давлатҳои аъзои СҲШ  ба Тоҷикистон дар соли  2012-ум  2 миллиарду 184 миллион $ ва дар соли 2013-ум 2 миллиарду 315 миллион $ аст. 
 
         —  Аз Тоҷикистон ба кишварҳои аъзои СҲШ  асосан кадом навъи маҳсулот содирот мешавад?
         -Агар ба сохтори содирот нигарем, аз Тоҷикистон ба Русия алюминийи аввалия ва маҳсулоти он, нахи пахта, меваи хушк ва сабзавот, матоъҳои пахтагин, ба Чин алюминийи аввалия,  нахи пахта, маъдану контсентратҳо, пӯсту чарм, ба Қазоқистон меваи хушк, сабзавот, маъдану контсентратҳо,  ба Қирғизистон меваю сабзавот, неруи барқ, ашёи  хоми тамоку ва ба Ӯзбекистон реги табиӣ, меваи ситрусӣ, яъне лиму содирот  мешаванд. 
         Инчунин аз давлатҳои аъзои СҲШ ба Тоҷикистон,  аз ҷумла аз Русия  маҳсулоти  нафтӣ, сӯзишворӣ, чӯбу тахта, металлҳои сиёҳ, маводи хӯрокӣ,  аз Қазоқистон орд, гандум, гази моеъ, аз Чин маҳсулоти озуқа, мошину таҷҳизот, маҳсулоти тайёри саноатӣ, доруворӣ, аз Қирғизистон семент, маҳсулоти сӯзишворӣ, нуриҳои минералӣ ва оби маъданӣ ва аз Ӯзбекистон вагонҳои роҳи оҳан ва нуриҳои минералӣ ворид мешаванд. 
           —  Дурнамои ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии кишварҳои СҲШ чӣ гуна хоҳад буд? 
        -Умед аст, ки дар оянда ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии кишварҳои аъзои СҲШ беш аз пеш густариш хоҳанд ёфт, зеро          Созмони ҳамкории Шанхай  дар ҷаҳон  яке аз  созмонҳои муътабар буда, кишварҳои аъзои он -Тоҷикистон, Русия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон, инчунин давлатҳои нозир ва шарики муколамаи СҲШ -Эрон, Покистон, Афғонистон, Ҳиндустон , Муғулистон, Беларус, Туркия ва Шри-Ланка дар рушди иқтисоди ҷаҳонӣ ҷойгоҳи шоиста ва нақши калидӣ доранд. 
                           Ташаккур барои суҳбат, 
 
Мусоҳиб Марзия Саидзода, хабарнигори АМИТ «Ховар».

Август 22, 2014 10:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳию доманакӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор даври дуюми маҳфил-озмун ҷамъбаст карда шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд аз рӯйи ихтисоси забони чинӣ 352 нафар таҳсил менамоянд
Дар ноҳияи Фирдавсӣ ду ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Вазири корҳои хориҷии Чин Ван И бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд
Чӣ тавр метавонем дар Узбекистон бо интернет қарор дошта, чандин маротиба камтар маблағ сарф кунем
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
«ОИЛА-МАКОНИ МЕҲРУБОНӢ». Дар шаҳри Норак Рӯзи байналмилалии оила таҷлил карда шуд
Дар шаҳри Турсунзода нақшаи даъват пурра иҷро гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад