Ифтитоҳи маҷмааи хизматрасонии Даҳбед дар Ҳисор

Август 15, 2014 15:03

Душанбе, 15.08.2014 (АМИТ «Ховар»).-Дар кӯчаи ба номи Н. Қаюмови маркази ноҳияи Ҳисор бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон маҷмааи меҳмонхона ва марказҳои хизматрасонии Даҳбед, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ, роҳбари Тоҷпромбонк Ҷамшед Зиёев бунёд ёфтааст, мавриди истифода қарор гирифт.Тавре аён гардид, ин маҷмааи зебо дар заминҳои бекори ба партовгоҳ табдилёфта бунёд гардида, ин мавзеъро ба як гӯшаи зебои мулки Ҳисор мубаддал намудааст.Маҷмаа аз меҳмонхонаи муосири дорои 60 кати хоб ва ҳамаи шароити зарурӣ, коргоҳи дӯзандагӣ бо 200 ҷойи корӣ, маркази савдои дорои 75 фурӯшгоҳ, ошхонаю чойхона ва дигар дӯконҳо иборат аст. Тамоми мебели ба меҳмонхонаи ин маҷмаа воридшуда истеҳсоли корхонаҳои ватанӣ мебошад. Дар як гӯшаи маҷмаа ҳамчунин маркази хизматрасонии Тоҷпромбонк ифтитоҳ ёфтааст, ки барои осону қулай намудани кори тоҷирон пешбинӣ шудааст. Дар ин маҷмаа беш аз 500 нафар бо кори доимӣ таъмин шудаанд, ки 400 нафари онҳо дӯзандаҳои либос ва устоҳои чирадасти гулдӯзию зардӯзӣ мебошанд. Ғайр аз 200 дӯзандаи дар коргоҳи дӯзандагӣ амалкунанда боз 200 нафар занону духтарони дигар ба кори курпаю курпачадӯзӣ ва гулдӯзию зардӯзӣ дар хонаҳои худашон таъмин карда мешаванд.Бо маслиҳати Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон соҳибкор Ҷамшед Зиёев уҳдадор шуд, ки дар як гӯшаи ин маҷмаа боз корхонаи калони дӯзандагӣ бо 1000 ҷойи корӣ бунёд намуда, то моҳи сентябри соли 2015 ба кор медарорад ва шумораи коргарони маҷмааи Даҳбед ба зиёда аз 1500 нафар мерасад.Аз ҷониби Тоҷпромбонк ба соҳибони ҳамаи 75 дӯкони тиҷоратии маркази Даҳбед ҳамчунин 10 ҳазор долларӣ қарзи имтиёзнок барои оғози тиҷорат ҷудо карда шудааст, ки дастгирии хубе барои тоҷирони навкор мебошад.Тавре иттилоъ доданд, ин танҳо марҳилаи аввали кор аст, дар марҳилаи дуюм дар ин ҷо мошинбозор ва бозори фурӯши қисмҳои эҳтиётии мошин ва дигар воситаҳои нақлиёт бунёд меёбад, ки дар онҳо беш аз 1000 нафари дигар соҳиби кори доимӣ хоҳанд шуд.Дар чойхонаи маҷмааи Даҳбед аз ҷониби роҳбари Тоҷпромбонк ҳамчунин хатнасури дастаҷамъонаи 24 писарча аз оилаҳои ниёзманд ороста шуд, ки кори хайру савоб ва дастгирӣ аз сиёсати башардӯстонаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аст.

Август 15, 2014 15:03

Хабарҳои дигари ин бахш

АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад