Мақсади Фонди хайриявӣ чист?
Душанбе, 15.08.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Дар назди корхонаи «Хуаксин Ғаюр Семент»-и ноҳияи Ёвон фонди хайрияи «Ман Тоҷикистонро дӯст медорам» таъсис ёфт. Ҳадафи он расондани ёрӣ ба оилаҳои камбизоат, шахсони ниёзманд ва мусоидат ба рушди соҳибкории занон мебошад.Дар маросими ифтитоҳи фонд, ки дар кохи фарҳанги ба номи Тағоймурод Хушвахти ноҳия доир шуд, ба Ҷамоати шаҳраки «Ёвон» 20 адад мошинаи дарздӯзӣ тақдим гардид. Зикр шуд, ки аз ҳисоби фонди хайрия минбаъд барои бонувони соҳибкор, оилаҳои камбизоат ва собиқадорони ҷангу меҳнат ёрии молӣ роҳандозӣ мешавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд






