Озмуни мутрибони ҷавон
Душанбе, 14.08.2014. (АМИТ «Ховар», Марҳабои Азамат). — Аз 2 то 9 декабри соли 2014 дар шаҳри Маскав Озмуни ХУ байналмилалии телевизионии мутрибони ҷавон таҳти унвони «Суворак» баргузор мегардад. Дар ин бора аз Сафорати ҶТ дар ФР ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.Назар ба иттилои манбаъ, Озмуни байналмилалии телевизионии мутрибони ҷавон таҳти унвони «Суворак» ягона форуми ҳарсолаи бачагона дар бахши мусиқии академӣ ба шумор меравад. Шабакаи телевизиони «Фарҳанги Русия» дар радифи озмун воқеаҳои ин форуми мусиқиро ба таври васеъ инъикос медиҳад.Тайи 14 сол дар озмун 700 нафар кӯдакони қобилиятноки садҳо шаҳрҳои Русия ва даҳҳо кишварҳои ҷаҳон ширкат доштанд.Ғолибони озмун бо сиккаҳои тиллоӣ, нуқрагӣ ва биринҷии «Суворак», ки аз рӯи офаридаҳои рассому ҳайкалтароши машҳури Русия Михаил Шемякин таҳия гардидаанд, қадрдонӣ мешаванд.Иштирокдорони озмун минбаъд ба донишкадаҳои беҳтарини мусиқии Русия дохил гардида, бо дастгирии мутрибони маъруфи ин кишвар дар шаҳрҳои мухталифи Русия ва Аврупо ҳунарнамоӣ мекунанд.








АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад






