Пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон
Суғд, 15.08.2014. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Дирӯз дар шаҳри Чкалов дар мавзӯи «Пешгирии ҷиноятсодиркунӣ дар байни ноболиғон» машварат баргузор шуд.Дар ин бора Наргис Абдувоҳидова, котиби комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иттилоъ дод.Дар ҷараёни машварат вазъи хулқу рафтори панҷ нафар хонандагони душвортарбияе, ки дар шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Чкалов ба қайд гирифта шудаанд, баррасӣ шуда, ба волидайни онҳо дар робита ба ислоҳ шудан ва аз қайд баровардани нафарони душвортарбия маслиҳатҳо дода шуданд.Иштирокчиёни машварат таъкид намуданд, ки бархе аз падарону модарон дар тарбияи фарзандашон беэътиноӣ зоҳир менамоянд, ки ин ба тарбияи кӯдак таъсири манфии худро мерасонад. Аз ин лиҳоз бояд мактабу маориф, падару модарон ва аҳли ҷомеа дар тадбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ҳиссагузор бошанд.Маврид ба ёдоварист, ки феълан 7 нафар ноболиғони душвортарбия дар ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Чкалов ба қайд гирифта шуда, моҳе як маротиба бо онҳо суҳбатҳо гузаронида мешаванд. Зимнан ноболиғони дар қайдбуда аз ҷониби комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Чкалов назорат мешаванд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






