Рӯдакӣ: Сабаби заҳролудшавӣ муайян гардид
Душанбе, 15.08.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Дирӯз дар коргоҳи арматурбарории деҳаи Арбобхотун дар ду километрии шаҳри Душанбе лӯлаи хлорид таркида, мардуми атрофи он заҳролуд шудаанд, ки дар натиҷаи он 16 нафар кӯдак ба беморхонаи Қарияи Боло ва 7 нафар калонсол ба Беморхонаи клиники шаҳрии рақами 3 оварда шуд. Дар робита ба ин Ориф Нозимов, сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандӣ дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки дирӯз соати 20.25 аз навбатдори ситод оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳри Душанбе хабар расид, ки дар деҳаи Арбобхотуни ҷамоати деҳоти Чортеппаи ноҳияи Рӯдакӣ дар коргоҳи арматурбарорӣ бӯи ғализи мадҳушкунанда ба димоғ мерасад.Тибқи иттилои манбаъ сардори ташхисгоҳи ҷумҳуриявии радиометрӣ-кимиёвии кумита Тоҷиддин Маҳмадов ва маркази наҷотдиҳӣ дар ҳайати 9 нафар зуд ба ҷои ҳодиса сафарбар гардиданд. Манбаи заҳролудкунанда соати 22.00 муайян шуда, безарар гардонида шуд. Маълум шуд, ки коргарони коргоҳи хурди арматурбарорӣ бо мақсади сохтани тафдон ё худ печка лӯлаи 40 кг-ро буридаанд, бехабар аз он ки дохили он пур аз хлор аст.








АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад






