«Рисолати сулҳ — 2014» дар Чин
Душанбе, 26.08.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Аз 9 то 30 августи соли ҷорӣ дар тамрингоҳи ҳарбии «Чжу-жихе»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин машқҳои низомии зиддитеррористии «Рисолати сулҳ — 2014» ҷараён доранд. Дар ин чорабинӣ низомиёни 5 кишвари аъзои Созмони ҳамкории Шанхай — Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Чин ширкат доранд. Тибқи иттилои маркази матбуоти Вазорати мудофиа Тоҷикистонро дар ин машқҳо наздики 200 нафар хизматчии ҳарбӣ, аз ҷумла гурӯҳҳои фаврӣ ва ҷузъу томҳои таъйиноти махсуси вазорат таҳти роҳбарии муовини сардори ситоди генералӣ Тоҳир Хайруллоев муаррифӣ менамояд. Дар машқҳо аз неруҳои заминӣ, ҳавоӣ ва техникаю қисмҳои радиоэлектронӣ истифода мешавад. «Рисолати сулҳ — 2014» калонтарин машқи низомии неруҳои мусаллаҳи кишварҳои аъзои СҲШ аз замони таъсиси он ба шумор меравад. Таҳкими ҳамоҳангсозии амалҳои низомии кишварҳои аъзои СҲШ ҳангоми мубориза бо терроризм, тундгароӣ ва ҷудоихоҳӣ ҳадафи асосии машқи муштараки ҳарбӣ арзёбӣ шудааст. Манбаъ ҳамчунин илова намуд, ки дар ин рӯзҳо ҳамчунин дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин Фестивал-озмуни кишварҳои аъзои ин созмон баргузор гардида истодааст, ки дар он оркестри ҳарбӣ-нафасии комендатии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон иборат аз 70 нафар бо барномаи фарҳангӣ иштирок дорад.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






