Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ҳисор

Август 15, 2014 09:24

Душанбе, 15.08.2014 (АМИТ «Ховар»).- Субҳи имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо рафти сохтмони иншооти сершумори ба истиқболи солгарди 3000-уми Ҳисор бунёдёбанда ва ифтитоҳи як зумра иншооти омодашуда ба ин ноҳия ташриф овард.Боздиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Ҳисор бо шиносоӣ бо рафти сохтмони варзишгоҳи бузург, ки дорои 20 ҳазор ҷойи нишаст хоҳад буд, маҷмааи Мактаби президентӣ ва чойхонаи миллӣ оғоз ёфт.Зимни ин боздид Президенти кишвар ҳамчунин бо рафти сохтмони қасри фарҳанг, китобхона ва осорхонаи ноҳиявӣ, эҳёи қалъаи Ҳисор ва ҳам навсозии роҳҳои маҳаллӣ шинос шуда, ду маҷмааи меҳмонхона ва марказҳои хизматрасонӣ, як бинои бисёрошёнаи истиқоматии дорои 72 хона ва як корхонаи хишти дорои иқтидори шабонарӯзии 320 ҳазор дона хишти хушсифати пухтаро мавриди баҳрабардорӣ қарор медиҳад.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз чанд хоҷагии кишоварзии ноҳияи Ҳисор, аз ҷумла аз боғи суперинтенсивии себ, ки нисбат ба боғҳои бобоӣ 3-4 баробар зиёд ҳосил медиҳад, дидан карда, бо корҳои намунавии боғдорӣ ва зироаткорӣ бевосита шинос мешавад.Яке аз ҳадафҳои асосии боздиди Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Ҳисор мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва соҳикорони ташаббускори ин ноҳия барои тезондан ва вусъат додани корҳои созандагию бунёдкорӣ ва омодагии сазовор дидан ба ҷашни 3000-солагии Ҳисор аст.Хотиррасон бояд намуд, ки дар доираи омодагӣ ба ин ҷашн, ки моҳи сентябри соли 2015 баргузор мегардад, дар ин ноҳия наздики 200 иншооти таъиноти гуногун бунёд ёфта, маркази он ба як шаҳри ободу зебои замонавӣ табдил хоҳад ёфт.

Август 15, 2014 09:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад