Семинар оид ба таъмини оби нӯшокӣ

Август 14, 2014 11:48

Душанбе, 14.08.2014. (АМИТ «Ховар», Марҳабои Азамат). — 13 август дар маҷлисгоҳи «Душанбе Плаза» — и пойтахт нахустсеминар дар мавзӯи «Нақшаҳои таъмини оби бехатар» баргузор гардид. Дар ин бора аз намояндагии Оксфам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.Назар ба иттилои манбаъ, мақсад аз семинари мазкур бештар воқиф намудани аҳолӣ, дастгирӣ ва арзёбии аҳамияти Нақшаи таъмини бехатарии об байни вазорату идораҳои манфиатдори Тоҷикистон, ҳамчунин созмонҳои байналмилалию ғайриҳукуматӣ буд.Семинар ҳамчунин ба рушду дастгирии харитаи миллии роҳ ҷиҳати таъмини аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби бехатар мусоидат намуд. Дар семинар нақшаи истифодаи оби бехатар дар ҷумҳурӣ тарҳрезӣ гардида, ҳамаи масоили зикршуда манзури Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Оксфам, Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва Барномаи рушди СММ гардид. Семинар бо ибтикори Созмони байналмилалии Оксфам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари минтақавии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ зимни ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии молиявии Раёсати рушду ҳамкории Швейтсария роҳандозӣ шуд.

Август 14, 2014 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш

АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад