Шиносоии Э. Раҳмон бо иншооти ҷашнӣ дар Ҳисор
Душанбе, 15.08.2014 (АМИТ «Ховар»).-Боздиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Ҳисор бо шиносоӣ бо рафти сохтмони варзишгоҳи бузург, ки дорои 20 ҳазор ҷойи нишаст хоҳад буд, маҷмааи Мактаби президентӣ ва Боғи фарҳангию фароғатӣ бо чойхонаи зебои миллӣ оғоз ёфт.Тавре иттилоъ доданд, варзишгоҳи марказии ноҳияи Ҳисор, ки майдони асосии он дорои 20 ҳазор ҷойи нишаст хоҳад буд, барои намудҳои гуногуни варзиш ва чорабиниҳои оммавии фарҳангӣ пешбинӣ гардидааст. Барои сохтмон ва таҷҳизи варзишгоҳ 38 миллион сомонӣ маблағҳои ҷумҳуриявӣ ҷудо шуда, то имрӯз 60% корҳо анҷом ёфтааст.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои боз ҳам тезондани корҳои сохтмон ва саривақту босифат омода намудани ин иншооти бошукӯҳи ҷашнӣ ба масъулин супоришҳои мушаххас дод. Таъкид гардид, ки тамоми шароити варзишгоҳ ба стандартҳои муосири ҷаҳонӣ бояд мувофиқ бошанд, то ки дар он мусобиқаҳои минтақавию байналмилалӣ ҳам ба роҳ монда шавад.Чунонки аён гардид, корҳои сохтмону васлгарӣ дар маҷмааи Мактаби президентӣ бо суръат ва сифати баланд идома дорад.Маҷмааи Мактаби президентӣ дар ноҳияи Ҳисор барои 640 хонандаи болаёқат пешбинӣ шуда, аз биноҳои зебои таълимӣ, 2 хобгоҳ барои 400 хонанда, 2 бинои 9-ошёнаи истиқоматӣ бо 72 хона барои омӯзгорон, толору майдонҳои варзишӣ ва ҳамаи шароити дигари мувофиқ ба талаби замон иборат мешавад. Барои сохтмон ва ободонии он ҷудо намудани 68 миллион сомонӣ маблағҳои ҷумҳуриявӣ дар назар аст.Ин муассисаи муосири таълимӣ пас аз чунин боргоҳҳои илму маърифат дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Хоруғ, Кӯлоб, Чкалов ва Бохтару Данғара ҳафтумин мактаби президентӣ дар Тоҷикистон хоҳад буд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки ба ин муассисаи таълимӣ беҳтарин хонандагон бо тариқи озмун аз шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Ваҳдат, Рӯдакӣ, Шаҳринав ва Турсунзода қабул карда шаванд.Боғи фарҳангию фароғатии Ҳисор дар майдони 22 га доман паҳн намуда, дар дохили он чойхонаи боҳашамати миллӣ, гулгаштҳои зебои гуногун, гӯшаҳои табиати кӯҳистони тоҷик ва дашту дамани он, фаввораҳои рангорангу рақсон ва атраксионҳои мухталиф барои бозию дилхушии кӯдакон ҷойгир мешаванд.Чойхонаи боҳашамат, ки аз ҷузъҳои асосии боғи фарҳангию фароғатӣ аст, аз як толори бузург бо 1600 ҷойи нишаст ва толору утоқҳои зиёди дигар иборат буда, ба яке аз марказҳои бузурги муаррифии фарҳанги миллӣ ба сокинону меҳмонони Ҳисор ва кулли ҷумҳурӣ табдил хоҳад ёфт. Барои ороиши он аз нақшу нигори миллии тоҷикӣ, кандакории болои гач, чӯб, санг, оинабандӣ ва дигар ҳунарҳои зебои мардумӣ, ки солҳои охир ба туфайли таваҷҷуҳи ғамхоронаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми гӯшаю канори Тоҷикистон аз нав эҳё шуда, вусъат пайдо кардаанд, истифода мешавад.








АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад






