Суғд: дар 7 моҳ 306 ҳазор тонна ангишт
Хуҷанд, 27.08.2014. (АМИТ «Ховар», Абдуаҳад Шарифзода).- Дар коргоҳҳои истихроҷи ангишти вилояти Суғд танҳо дар моҳи июл 71 314 тонна ангишт истихроҷ гардид. Дар маҷмӯъ дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ ангиштканони Суғд 306,5 ҳазор тонна ангишт истихроҷ карданд, ки ин нишондод назар ба ҳамин давраи соли гузашта ба қадри 81,2% ё ин ки 137,3 ҳазор тонна зиёд мебошад. Бо назардошти қиёс дар ҳамин давраи соли гузашта дар конҳои ангишти шимоли кишвар 169,2 ҳазор тонна истихроҷ шуда буд. Алъон дар миқёси Суғд 8 коргоҳи ангиштканӣ фаъолият дорад, 3-тои он дар ноҳияи Айнӣ, 2 коргоҳ дар ноҳияи Панҷакент ва Исфара ва 1 коргоҳ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ мебошад. Аз ин шумора коргоҳҳои “Фон-Яғноб”-и ноҳияи Айнӣ ва ҶСК “Ангишт”- ноҳияи Исфара аз зумраи калонтарин конҳои истихроҷи ангишт дар шимоли кишвар маҳсуб мешаванд. Дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ дар коргоҳи “Фон-Яғноб” ба маблағи 41,3 млн. сомонӣ ё нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 71,2% ва дар кони ангишти ҶСК “Ангишт” ба маблағи 7,2 млн. сомонӣ ё ин ки 12% зиёдтар ангишт истихроҷ гардидааст.Дар ин раванд дар миқёси вилоят алъон зиёда аз 700 нуқтаи фурӯши ангишт ва 360 нуқтаи гази моеъ ташкил шудааст. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






