Тӯҳфаи «Истиқлол» ба ҷавонон
Душанбе, 14.08.2014. (АМИТ «Ховар», Некрузи Муҳаммадсодиқ).-Бахшида ба Рӯзи варзишгарон, ки ҳар сол 10 август таҷлил мешавад, роҳбарияти дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе иқдоми хайреро амалӣ намуд. Аз ҷониби клуби мазкур ба Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ 24 компютер (аз ҷумла 4 ноутбук ) ва 4 принтер тӯҳфа карда шуд.Дар шароити имрӯз истифодаи технологияҳои муосир дар ҳаёти ҷавонон ва татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон нақши муайян дорад. Аз ин рӯ, саҳми роҳбарияти клуби футболи “Истиқлол” дар таҷҳизи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо компютерҳои муосир иқдоми наҷиб буда, дар пешравии кори онҳо мусоидат хоҳад кард.Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Аҳтам Абдуллозода ба роҳбарияти клуби футболи «Истиқлол» барои дастгирии ҷавонони кишвар изҳори сипос намуда, ба ҳайати даста дар қувваозмоиҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ пирӯзиҳо таманно намуд.








АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад






