Таваҷҷуҳи тоҷирони ҳинд ба рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ
Душанбе, 14.08.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Тақвияти ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Ҳиндустон дар меҳвари мулоқоти Умед Давлатзод-муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо Тарачанд Дугар- президенти Созмони истеҳсолкунандагони миллии умумиҳиндустонӣ, роҳбари ширкати «DUGAR» дар Душанбе матраҳ гардид. Мусоҳибон масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкории самарабахш байни корхонаю ширкатҳои Тоҷикистону Ҳиндустонро дар соҳаҳои коркарди меваю сабзавот, нассоҷӣ, масолеҳи сохтмон, саноати дурусозӣ, технологияи муосир, туризм ҷалби сармоягузорони Ҳиндро ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ намуда, пешниҳодҳои ҷолиб ироа намуданд. Аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар интиҳои мулоқот бобати тақвияти ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии ду кишвар, ҷонибҳо азми қавӣ ва омодагии худро баён намуданд.








АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад






