Тоҷикистон — шарики боэътимоди тиҷоратии Лаҳистон
Душанбе, 15.08.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода). – «Мувофиқи маълумоти омории Лаҳистон, соли 2012 муомилоти молӣ байни Тоҷикистону Лаҳистон 21 миллиону 600 ҳазор доллари ИМА – ро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2011 – ум 2,6 баробар зиёд аст. Соли 2013 бар асари коҳиш ёфтани содироти Лаҳистон ҳаҷми тиҷорати байни ду кишвар ба андозае кам гардид. Тайи панҷ моҳи аввали соли ҷорӣ муомилоти мол нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 -ум 37 фоиз афзуда, содироти Лаҳистон қариб 30 фоизро ташкил дод», — гуфт мушовири якуми сафири Лаҳистон дар Тоҷикистон Славомир Стшалковски дар нишасти матбуотӣ.Славомир Стшалковски ҳамчунин иброз дошт, ки аз Лаҳистон ба Тоҷикистон асосан мошину таҷҳизот, маснуоти фулузоти ранга, озуқаворӣ, молҳои саноати кимёвӣ, мебел ва чӯбу тахта ворид мегарданд.«Дар навбати худ пахта ва маҳсулоти коркарди он дар бахши воридоти Лаҳистон мавқеи назаррасро касб намудааст. Ҷолиби диққат аст, ки соли ҷорӣ хариди маҳсулоти фулузоти ранга хеле афзоиш ёфт» — афзуд Славомир Стшалковски.








АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад






