Вогузории панҷ ваколати асосӣ ба Хадамоти муҳоҷират

Август 15, 2014 10:07

Душанбе, 15.08.2014. (НИАТ «Ховар», Лайло Тоири).- Семинар дар мавзўи «Шиносоии сардорони шуъба ва бахшҳои зерсохторҳои шаҳру ноҳияҳо бо ҳайати роҳбарикунандаи дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират» 14 август дар Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, кори он имрӯз, 15 август идома дорад. Дар он ташкили масъалаҳои кор дар шаҳру ноҳияҳо дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, вазъи муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, тартиби ҳуҷҷатгузориҳо, қабули шаҳрвандон ва ба роҳ мондани фаъолияти Хадамоти муҳоҷират дар тамоми шаҳру ноҳияҳо баррасӣ гаштанд. Муовини якуми сардори Хадамоти муҳоҷират Муқим Ниёзов гуфт, ки ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистонро бе раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар тасаввур кардан ғайриимкон аст, зеро ин раванд дар айни замон ба як зуҳуроти иҷтимоии бузурге мубаддал гаштааст, ки аз он кафолати ҳифзи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва амнияти кишвар вобастагии зич дорад. Шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҷаҳон дар панҷ соли охир аз 65 то ба 235 миллион нафар афзудааст. Ҳамчунин дар асоси пешбиниҳои СММ то соли 2050 шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҷаҳон ба 405 миллион нафар хоҳад расид. Бояд зикр намуд, ки тибқи Низомномаи нави Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ панҷ ваколати асосӣ ба Хадамоти муҳоҷират вогузор гардидааст. Ин ба танзим даровардани раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, бо кор таъмин намудани шаҳрвандон дар хориҷа, ба касбомӯзӣ фаро гирифтани муҳоҷирони меҳнатӣ, робита бо ҳамватанони бурунмарзӣ, назорати будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва бурдани корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ дар байни шаҳрвандони ҷумҳурӣ оид ба мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад. Дар семинар инчунин ваколатҳои асосии Хадамоти муҳоҷират, мушкилоти асосии муҳоҷирон, қонунгузориҳои нави Федератсияи Русия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ ва дигар паҳлўҳои он мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сухангӯи Хадамоти муҳоҷират Абдуллои Қодирӣ иттилоъ дод.

Август 15, 2014 10:07

Хабарҳои дигари ин бахш

АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад