Зиёдшавии шумораи кӯдакистонҳо дар кишвар
Душанбе, 14.08.2014. (АМИТ “Ховар” Зарангези Латиф).- Зинаи таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ яке аз зинаҳои асосӣ дар соҳаи маориф маҳсуб ёфта, имрўз шумораи кўдакистонҳо дар ҷумҳурӣ аз 508 ба 527 адад расидааст, ки нисбат ба соли гузашта 19 адад зиёд шуд, ки аз инҳо 8 адад дар вилояти Хатлон ва 9 адад дар вилояти Суғд, 1 адад дар шаҳри Душанбе ва 1 адад дар ноҳияи Ҳисор мебошанд.Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати мориф ва илми ҷумҳурӣ шумораи кўдакон дар онҳо аз 76 370 нафар ба 80 442 нафар расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4 072 нафар зиёд мебошад. Илова ба ин, дар ҷумҳурӣ 30 кўдакистони хусусӣ фаъолият менамояд, ки нисбат ба ҳамин давраи ҳисоботии соли гузашта 7 муассиса зиёд аст.Дар робита барои амалӣ намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди соҳаи тарбияи томактабӣ барои солҳои 2012-2016» ҷиҳати таъсиси Маркази инкишофи кўдакон бояд зикр намуд, ки шумораи Маркази инкишофи кўдакон аз 711 адади соли 2012 дар соли 2014 ба 1031 адад расид. Барои тарбия ва таълими кўдаконе, ки имконияти маҳдуд доранд, дар ҷумҳурӣ 12 кўдакистони махсуси табобатӣ (санаторӣ) бо фарогирии 3422 нафар кўдаки имконияташ маҳдуд амал менамояд. Аз ҷумла, дар вилояти Суғд 4 ва дар шаҳри Душанбе 8-то чунин кўдакистон мавҷуд аст








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






