Ҳасани Рўҳонӣ- узви хориҷии Академияи илмҳои Тоҷикистон
Душанбе, 10.09.2014. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Шоми 10 сентябр Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Рўҳонӣ дар доираи сафари расмии худ ба Тоҷикистон ба Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, бо олимон ва донишмандон мулоқот намуд.
Ба иттилои котиби матбуоти АИ ҶТ Л. Латифӣ дар ин мулоқот намояндагони Вазорати маориф ва илм, Иттифоқи нависандагон, кормандони Раёсати Академияи илмҳо, директорони институтҳову марказҳои илмии АИ ҶТ ва донишгоҳу донишкадаҳои кишвар ширкат намуданд.
Чорабиниро раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар Шукурҷон Зуҳуров ифтитоҳ намуда, доир ба робитаҳои фарҳангии Тоҷикистону Эрон сухан ронд.
Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ташрифи Президенти Ҷумҳурии Исломии Эронро ба ин даргоҳи муқаддаси илми тоҷик хайрамақдам намуда, ба доктор Ҳасани Рўҳонӣ дипломи узви хориҷии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо тантана супорид.
Ҳасани Рўҳонӣ аз ташрифи худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз дошт, ки ҳамкориро дар тамоми соҳаҳо, махсусан дар соҳаи илму истеҳсолот бо Тоҷикистон боз ҳам мустаҳкамтар ва дар оянда равобити умумии ин ду кишвари ҳамзабонро густурдатар ба роҳ хоҳад монд.
Дар охир Фарҳод Раҳимӣ ба меҳмони олиқадр Ҳасани Рўҳонӣ чанд китоби илмии олимони Академияро ҳадя намуда, ҷомаи зардўзии тоҷиконаеро ба эшон пўшонид.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






