Э.Раҳмон: Забону фарҳанги худро чун неъмати бебаҳо эҳтиёт кунем

Сентябрь 8, 2014 10:40

Душанбе, 08.09.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-«Дар раванди таҳкими дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ масъалаи ташаккули инсони солиму донишманд, мутахассиси сатҳи баланд ва ташаббускору бунёдкор аҳамияти хосса дорад»,- иброз намуд Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни Паёми табрикотии хеш ба муносибати 23-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 
Тарбияи насли соҳибмаърифат шарти асосии ташаккули ҷомеаи солим ба ҳисоб меравад ва ин кори муҳим на танҳо вазифаи оила ва мактаб, балки вазифаи давлат ва тамоми ҷомеаи кишвар мебошад. Бинобар ин, мо бояд насли имрӯз ва фардоро бо суннатҳои воло ва бо мероси бузурги ниёгонамон ҳарчи бештар ошно намуда, дар зеҳну шуури онҳо ҳисси ифтихор аз давлатдории миллии худ, эҳтиром нисбат ба истиқлолият, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва ифтихор аз ватани аҷдодиро инкишоф диҳем. Ифтихор аз таърих, фарҳанг, забон ва анъанаҳои наҷибу ҷовидонаи миллат як рукни бисёр муҳими истиқлолияти давлатӣ мебошад.
Инчунин Эмомалӣ Раҳмон зикр намуд, ки мо борҳо таъкид кардаем ва бори дигар хотиррасон менамоем, ки истиқлолияти фарҳангӣ барои мо баробари истиқлолияти сиёсӣ азиз аст. Дар раванди ҷаҳонишавӣ мо бояд забону фарҳанги худро ҳамчун неъмати бебаҳо ва мероси гузаштагонамон эҳтиёт кунем. Дар робита ба ин, бори дигар ба кулли шаҳрвандон ва махсусан ба ҷавонон таъкид кардан мехоҳам, ки забону фарҳанги худро ҳамчун неъмати бебаҳо ва мероси гузаштагонамон эҳтиёт кунанд. Ифтихор аз ватану ватандорӣ, таъриху фарҳанг, ифтихор аз миллат ва ҳувияти миллӣ, аввалтар аз ҳама, ба мақому эътибори забони давлатӣ ва поку бегазанд нигоҳ доштани он вобаста мебошад.

Сентябрь 8, 2014 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад