Истиқлолият ва дастовардҳои соҳаи геология
Душанбе, 04.09.2014 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).-Тавре ки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон 9-уми декабри соли 2011 дар маросими ифтитоҳи Осорхонаи геологии Тоҷикистон ишора намуд: «Дар даврони сохти гузашта Тоҷикистонро осорхонаи табиии геологӣ меномиданд ва қаламрави он барои геологҳои он замон ба ҳайси мактаби таҷрибаи пешқадам истифода мешуд. Имрўз низ олимону мутахассисони аксар кишварҳо тадқиқот ва ақидаҳои илмии хешро дар мисоли геологияи Тоҷикистон ташаккул медиҳанд. Барои ин моро зарур аст, ки аз ин сарвати худодод ҳарчи бештар ва самараноку оқилона истифода намоем». Тоҷикистон дар ҳақиқат мамлакати кӯҳсор буда, ба озмоишгоҳи табиии геологӣ шабоҳат дорад, ки аҷаб не ба барвақт ҳамроҳ шудани тоҷикон ба донишандўзии геологӣ мусоидат намуда бошад, чунки аз нимаи ҳазорсолаи 1-уми то солшумории мо ва то асри V солшумории мо коркарди металлҳо, сангҳои сохтмонӣ, ранга ва заргарӣ вусъат ёфтааст. Дар ин бора бозёфтҳои маснуоти сангӣ, шишагӣ, металлӣ ва заргарии қадимӣ ва инчунин дастнависҳои қадимӣ ва асрҳои миёна гувоҳӣ медиҳанд.
Инкишофи оянда ва хусусан нашъу намои илми геологӣ ва шуғл бо корҳои кӯҳӣ ба асрҳои IX-XI рост меояд. Дар ин давра чунин олимони барҷаста ба монанди — Муҳаммад Бен Мусо ал-Хоразмӣ (780-847), Абубакр Муҳаммад ибни Закариё ар-Розӣ (865-925), Умар Аалем, Абубакр Муҳаммад ибн Ҷаъфар Наршахӣ, Абу-Райҳон ал-Берунӣ (973-1048), Абуалӣ ибни Сино (980-1037) ва бисёр дигарон зиндагӣ ва эҷод кардаанд, ки ба илми Шарқ шуҳрати ҷаҳониро оварданд. Дар байни онҳо ҷойи махсусро Абуалӣ ибн Сино ишғол менамояд. Тасаввуроти геологии Абуалӣ ибни Сино дар китоби «Табиат», ки қисми таркибии асари энсиклопедии ў «Китоб-аш-Шифо» ва китоби «Курозаи табииёт» баён шудаанд. Ў фарзияи (гипотезаи) пайдоиши водӣ, кӯҳ, минерал ва ҷинсҳои кӯҳии таҳшинӣ ва магматикиро ривоҷ додааст; таснифи барои замони худ мукаммали моддаҳои минералиро, ки дар илми ҷаҳонӣ то асри XVII амал мекард, додааст.
Тадқиқоти геологӣ ва корҳои истихроҷии кӯҳӣ дар қаламрави Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, аз нуқтаи назари илми замонавӣ пас аз ҳамроҳ кардани қисми зиёди Осиёи Марказӣ ба ҳайати Русия оғоз гардидааст. Тадқиқотчии аввалини геологияи сарзамини мо, ки асари барҷастаи: «Туркистон-навиштаҷоти геологӣ ва орографӣ аз рўи маълумоти ҳангоми саёҳат дар солҳои 1874 то 1880 ҷамъоварӣ шуда»-ро навишта якҷоя бо муҳандиси куҳӣ Г.Д. Романовский соли 1881 «Харитаи геологии кишвари Туркистон» -ро тартиб додааст, И.В.Мушкетов буд.
Саҳифаи равшани таърихи геологияи мо ин дар соли 1932 бо қарори Шўрои Кумитаи Халқӣ ва АУ ИҶШС ташкил шудани Экспедитсияи комплексии Тоҷикистон (ЭКТ) мебошад, ки баъдан (1934с) экспедитсияи Тоҷику Помир (ЭТП) номида шудааст. Ин экспедитсияи калон таҳти роҳбарии ходими давлатӣ, ташкилотчии илм, академик Н.П.Горбунов ташкил шуд. Ин дар асл, Академияи сафарӣ буд. Маҳз дар солҳои кори экспедитсияи мазкур садҳо асарҳои фундаменталӣ ба чоп мерасанл, харитаҳои геологии миқёсҳои 1:420 000 ва 1:750 000, як қатор масъалаҳои муҳими стратиграфия, тектоника, вулканизм ва металлогения ҳал карда мешаванд, конҳои нави зиёди полиметаллҳо, элементҳои нодир, тиллои сангӣ ва пошхўрда, обҳои зеризаминии минералӣ ва ҳароратнок (термалӣ), ангишт нафт ва газ кашф мегарданд. Дар заминаи конҳои канданиҳои фоиданок Корхонаи полиметаллии Консой, Комбинати бойгардонии Такелӣ, шахтаи Шўроб дар Тоҷикистони Шимолӣ, ки аллакай дар ибтидоӣ аср роҳи оҳан ва корхонаи истихроҷи нафтро дошт, амал мекарданд.
Ҳамин тавр дар заминаи иқтидори кофии илмӣ, зеҳнӣ, моддӣ ва техникии экспедитсияи номбурда, соли 1938 Идораи геологияи Тоҷикистон созмон дода шуд, ки дар ташкил ва ташаккули он В.П.Виноградов ва бисёр дигарон фаъолона иштирок доштанд.
Аз ҳамин давра омўзиши геологии мунтазамона ва ҳаматарафаи қаламрави ҷумҳурӣ, боигарии минералии он оғоз мегардад, Коллективи идораи геологияи Тоҷикистон, чун қисмати таркибии Вазорати геологияи ИҶШС ба иҷрои нақшаҳои азими омодасозии базаи ашёи минералӣ баҳри рушди иқтисодиёти мамлакат дар панҷсолаи сеюм шурўъ менамояд. Вале амалисозии аксари онҳо бо саршавии Ҷанги Бузурги Ватанӣ қатъ карда мешавад.
Имрўз инчунин дар бораи он гуфтан мумкин аст, ки аз кони селестини Лаккон истеҳсоли стронсий дар Иттифоқи Шўравӣ дар ягона заводи гидрометаллургии Исфара оғоз мешавад. Дар солҳои вазнини ҷанг геологҳои тоҷик ашёи гаронбаҳои пиезооптикӣ – хрустали Ванҷ ва Язғуломро иктишоф менамоянд.
Дар панҷсолаи якуми баъди ҷангӣ кони волфрами Ҷилав, селестини Гулисой, симоби Қавноқ, тиллои Таррор ва дигарҳо кашф мешаванд.
Солҳои 1958-1988 дар омўзиши комплексии қаъри замини кишвар бо истифода аз дастовардҳои навтарини илм дар корҳои ҷустуҷўӣ- иктишофӣ, дар таҷҳизонидани техникии истеҳсолот пурмаҳсул буданд. Дар ин солҳо ба чоп расонида шуданд: харитаҳои геологӣ, геоморфологӣ ва дигар хартиаҳои махсуси миқёси 1:500 000 ва 1:200 000; барои чоп харитаҳои майдонҳои аномалии магнитии (Та) миқёси 1:200 000 ва 1:100 000 ва харитаҳои гидрогеологӣ ва муҳандисӣ-геологии миқёси 1:50000 омада шуданд.
Дастовардҳои илмии ин давраинаи кормандони Идораи геология дар бисёр монографияҳо, маҷмӯаҳои асарҳои илмӣ, маводи конфронсҳо аз рўи мушкилоти геологӣ дар 24-уми ҷилди асари капиталии «Омўзиши геологии ИҶШС»-и ба Тоҷикистон бахшида шуда, асари капиталии «Майдонҳои маъдании Қарияи Мазор» дар се ҷилд ва садҳо мақолаҳои илмӣ ҷамъбаст шуданд.
Дар бораи сатҳи баланди истеҳсолоти корҳои геологӣ-иктишофӣ доштани ин давраро маълумотҳои зерини таҷҳизотнокии техникии хадамоти геологии Тоҷикистон метавонанд исбот намоянд: Дар соли 1988 танҳо Экспедитсияи геофизикии Ҷанубӣ 230 воҳид мошин, ки аз онҳо 149 воҳидаш мошини таъйиноти махсус буданд, дошт.
Маҳз дар ҳамин давра захираҳои зиёда аз 30 кони металлҳои ранга, нодир ва асил; даҳҳо нафту газ; якто ангишт, сето шпати плавикӣ; яктогӣ бор, қумҳои кварсӣ, хоросангҳои сурх, мармарҳои сафеди ороишӣ, дигар намудҳои маводи сохтмонӣ дар КДЗ ИҶШС ва КМЗ тасдиқ шуданд. Дар ҳамин давра иктишоф ва тасдиқи захираҳои чунин конҳои калон ба монанди нуқраи кони Мансури Калон, тиллои Таррор, Ҷилав, Чоре, бори Якархар, кони сурбу-нуқраи Кони Мансури Шарқӣ, селестини Чилтоҷ ва дигарҳо дар КДЗ ИҶШС ва КМЗ анҷоми худро ёфтанд. Барои иктишофи босамараноки баланди кони нуқраи Кони Мансури Калон ва ташкили базаи беназири ашёи минералӣ дар мамлакат, мутахассисони дар иктишофи ин объект иштирок варзида – В.В. Шишкин, М. Пулотов, Р.Н. Нурматов, В.Н. Байков, П.К. Суворов ва дигарон бо унвони Лауреати мукофоти Давлатии ИҶШС дар соҳаи илм ва техника дар соли 1989 қадрдонӣ шуданд.
Сатҳи баланди корҳои геологӣ-иктишофӣ то охири солҳои 1990 давом ёфт. Вайроншавии Иттиҳоди Шўравӣ ба вайроншавии ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ, аз ҷумла геология оварда расонид. Корхонаҳо ва ташкилотҳои тобеияти иттиҳодӣ дар вақти муайян ба ҳоли худ гузошта шуданд. Дар ҳамин давра ба ҳайати ИИ «Тоҷикгеология», экспедитсияҳои ИИ «Гидроспецгеология»-и Вазорати геологияи ИҶШС ва Экспедитсияи геологӣ иктишофии Осиёи Миёнагии Вазорати металлҳои рангаи ИҶШС ҳамроҳ карда шуданд.
Хурсандиовар аст, ки 7 майи соли 1993 бо Қарори Шўрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон № 206 ИИ «Тоҷикгеология» ба Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйир дода шуд ва ин шаҳодат аз он буд, ки Ҳукумат дар оянда ба соҳа диққати ҷиддӣ медиҳад ва ҳамин тавр ҳам ҳаст.
Дар ин давра ба хотири нигоҳ доштани қобилиятнокии экспедитсияҳо, бо ибтикори роҳбарияти Саридора бо ризогии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шартномаҳои ҳамкорӣ бо ширкатҳои хориҷӣ барои гузаронидани корҳои геологӣ иктишофӣ баста мешаванд. Вале баҳри ҳақиқат бояд қайд кард, ки кор бо шарикони хориҷӣ натиҷаҳои дилхоҳ надод; бо сабабҳои гуногун пастравии нархи тилло дар бозори ҷаҳонӣ, ноустувории вазъият, қаноатбахш набудани шарикон бо меъёрҳои қонунгузории ҷумҳурӣ ва ғайра аксар вақт уҳдадориҳои шартномавӣ аз ҷониби ширкатҳои хориҷӣ вайрон карда мешуданд, кор дар объектҳо қатъ мегардиданд, мўҳлатҳои маблағгузорӣ дароз карда мешуданд.
Дар давраи фаъолияти соҳаи геология дар солҳои 1998-2008 чун дар ҳаёти тамоми ҷомеъаи ҷумҳурӣ, вақти барпокунӣ ва дар ҳаёт татбиқ намудани мақсадҳои неки роҳбарияти давлатамон барои зиёд кардани иқтидори иқтисодии кишвар, обрўи мамлакат дар арсаи ҷаҳонӣ, сохтани давлатӣ дунявӣ, ҳуқуқӣ ва демократӣ дар Тоҷикистон, фаро мерасад.
Тавре ки борҳо Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд, мамлакат дар солҳои мустақилият дар соҳаи гуногуни иқтисодиёт, фарҳанг ва иҷтимоӣ ба муваффақиятҳои зиёд ноил гардидааст.
Кормандони соҳаи геология низ ба муваффақиятҳои муайяне расидааст. Имрўз алакай дар андешаи ҳалли вазифаҳои калон миқёс мебошад ва бо дастгирии давлат ба онҳо мувафақ мегардад. Барои ҳамаи ин аз роҳбарияти ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон миннатдор ҳастем.
Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамояд, ки ҳалли проблемаҳо ва бартараф намудани норасоиҳо дар ҷамъият ин вазифаи як ҳукумат нест-ҳар як шаҳрванд бояд барои ин кор ҳиссагузор бошад.
Ин гуфтаҳои Эмомалӣ Раҳмон вазифаи барномавӣ барои ҳар кадоме аз кормандони соҳа, роҳбарони сохторҳо, ташкилоти иттифоқи касаба, мураббии ҷавонон гардид.
Давлат дар назди Идора вазифаҳои мушаххас ва муҳимро мегузорад. Барои он ки онҳоро ҳал кард, мо гурӯҳи дастаҳои геологии коршоям, базаи лаборатории замонавӣ, таҷҳизот ва механизмҳо, ва пеш аз ҳама – иқтидори кадрӣ бояд дошта бошем. Якумин маротиба пас аз ба даст даровардани истиқлолият, дар соли 2004-ўм, аз рўи моддаи пардохти капиталӣ барои хариди таҷҳизот маблағҳо ҷудо карда шуданд.
Мутахассисон ва техникаи соҳа барои иҷрои лоиҳаҳои аср сафарбар мешаванд. Масалан дар ин давра хадамотҳои геологӣ, муҳандисӣ-техникии соҳа фаъолона дар иҷрои чунин лоиҳаҳои давлатӣ ба монанди: «Сохтмони роҳи оҳани Қурғонтеппа-Кўлоб», «Сохтмони нақби автомобили Истиқлолият», «Корҳои таҳқиқоти дар майдони сохтмонии нақби автомобили Шар-Шар», «Сохтмони НБО Сангтуда» иштирок намуданд. Дар намоишгоҳи Байналмиллалии «ЭКСПО-2005» дар Ҷопон иштирок варзидем. Мутахассисони соҳа дар давраи тавсифшаванда дар кори форумҳои байналмиллалӣ аз рўи ин ё он масъалаҳои геологӣ, шӯроҳои байниҳукуматӣ ва ғайраҳо фаъолона иштирок намудаанд.
Кормандони хадамоти геологӣ дар сохтмони нақбҳо, пулҳо, дигар объектҳои калон ва дар ҳалли масъалаҳое, ки дар наздашон Роҳбарияти мамлакат мегузорад, иштироки фаъолона доранд.
Имрўз Тоҷикистон таваҷҷуҳи сармоягузорони дохилӣ ва хориҷиро ба худ ҷалб месозад. Барои сармоягузорон вақтҳои охир объектҳои геологӣ-иктишофӣ ҷалбкунанда гардидаанд. Бо супориши Ҳукумат бо як қатор ширкатҳои хориҷӣ якҷоя корҳои омўзишии як қатор конҳоро амалӣ менамояд. Ҷалби сармояҳо ба соҳа имкон медиҳад, ки корҳои геологӣ-иктишофӣ дар ин объектҳои тезонида шаванд ва маблағҳои буҷетии давлатӣ барои бурдани корҳои ҷустуҷўии минтақавӣ, ҳалли масъалаҳои илмии геологияи ҷумҳўрӣ равона карда шаванд.
Ин ба туфайли он имконпазир гардид, ки пас аз ба даст овардани истиқлолият аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои соҳаҳои геология ва кӯҳи маъданӣ ва умуман дар истифодаи қаъри замин, аз нав базаи қонйнгузорӣ ташкил шуд. Дар як муддати кўтоҳ дар ин ҷода: қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ», «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ барои баъзе намудҳои фаъолият» «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ва дигарҳо, Низомномаҳо «Дар бораи тартиби баҳисобгирӣ ва бақайдгирии корҳои омўзиши геологии қаъри замин, қитъаҳои қаъри замини барои истихроҷи канданиҳои фоиданок ва ба мақсадҳои бо истихроҷи онҳо вобаста набуда», «Дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ барои баъзе намудҳои фаъолит» ва як қатор дигар санадҳои қонунгузорӣ ва меъёрӣ пешниҳод ва қабул гардиданд.
Имрўз метавон гуфт, ки соҳаи геологияи ҷумҳурӣ мушкилоти ба миён омадаро паси сар карда, рў ба эҳёшавӣ гузоштааст.
Ин аст, ки Саридораи геология дар асоси вазифаҳои дар пеши соҳа гузоштаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи рушди соҳаи геология дар давраи солҳои 2007-2015» ва баъдан «Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012- 2020»- ро пешниҳод кард, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардиданд. Барои амалисозии ин барномаҳо роҳбарияти Саридора бо дастгирии роҳбарияти давлат чораҷўиҳои муҳимро доир ба таҷҳизонидани соҳа бо асбобҳо ва воситаҳои техникии замонавӣ, нисбати тайёр кардани мутахассисон барои эҳтиёҷи соҳа зина ба зина кор мебарад, аз ҷумла:
— дар назди Саридора бо ёрии ҳамкасбони эронӣ Маркази миллии додаҳои улум дар бораи замин ташкил шудааст, ки дар он мутахассисони ҷавон таҷрибаомўзӣ ва фаъолияти истеҳсолӣ менамоянд;
— аввалин маротиба сохтани харитаҳои геологии рақамӣ ва дигарҳои таъйиноти гуногундошта амалӣ сохта мешавад;
— дар таҷриба ҳисоби захираҳои канданиҳои фоиданок бо воситаи барномаҳои компютерии классҳои «Макромайн» ва «Датамайн» ҷорӣ гардидааст;
— бо ташкилотҳои геологии мамлакатҳои Иттиҳоди Муштарокулманофеъ, аз ҷумла бо Пажўҳишгоҳи тадқиқотии геологии умумирусиягии Русия алоқаҳои илмӣ барқарор сохта шудааст;
— ташхиси намунаҳои геологӣ бо асбобҳои ҳозиразамон барои омўзиши таркиби ҷинсҳои кўҳӣ, минералҳо ва маъданҳо ба роҳ монда шудааст;
— мутахассисони соҳа имрўзҳо барномаҳои гуногуни компютерӣ, забонҳои хориҷиро аз худ менамоянд, дар хориҷа таҷриба мегузаранд;
— ба мактабҳои олии дигар кишвар фиристонидани донишҷўён аз рўи тахассусҳои геологӣ бо супориши Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар якҷоягӣ бо дигар мақомоти дахлдор ба роҳ монда шуд.
Рўз аз рўз таваҷҷуҳи ҷавонон ба касбҳои гуногуни соҳаи геология ва саноати куҳӣ зиёд шуда истодааст. Дар сохторҳои Саридораи геология сафи онҳо дар даҳсолаи охир ба маротибҳо афзудааст. Соли ҷорӣ дар мувофиқа бо Хадамоти геологии мамлакати Чин барои такмили ихтисос ва азхудкунии забон аз ҳисоби ҷавонони соҳа 3 нафар ба ин кишвар фиристонида мешаванд, ки пардохт тамоми харҷи таҳсил ва муҳайё сохтани дигар шароитҳои лозима дар тўли чор сол аз ҳисоби ин Хадамот сурат мегирад.
Зиёдкунии маблағгузории давлатӣ ба мо имкон дод, ки шумораи объектҳои иктишофӣ геологиро васеъ намоем, бурдани хадамоти мушоҳидавӣ аз рўи ҳодисаҳои хатарноки геологӣ ва бурдани Кадастри давлатии обҳои зеризаминии Ҷумҳурии Тоҷикистонро васеъ созем.
Имрўз дар ҷумҳурӣ ягон лоиҳаи калоне нест, ки дар амалисозии он мутахассисони соҳа иштирок надошта бошанд. Якҷоя бо ширкатҳои Русия, Қазоқистон, Чин ва дигар давлатҳо корҳои иктишофӣ геологиро доир ба омўзиши конҳо дар тамоми қаламрави Тоҷикистон мебаранд.
Маълум аст, ки захираҳои ашёи минералӣ дар бисёр мавридҳо дороӣ ва иқтидори ҳар як давлатро муайян месозанд, асоси рушди иқтисодиёти ҳозиразамон мебошанд. Хусусиятҳои асосии онҳо дар барқарорнашавандагиашон мебошад. Ва бо ҳамин сабаб захираҳои ашёи минералӣ ҳама вақт ва имрўз низ сабабгори баҳсу муноқишаҳои зиёди ҷаҳонӣ мебошанд.
Тоҷикистон ба қатори кишварҳое маҳсуб мебошад, ки эҳтиёҷоти худро ба аксари намудҳои ашёи минералӣ аз ҳисоби захираҳои худӣ таъмин кунад
Омўзиш ва мавриди истифода қарор додани боигариҳои зеризаминӣ заҳмати вазнин, хароҷоти зиёд ва вақти тўлониро тақозо менамояд.
Ба ин нигоҳ накарда, кормандони соҳаи геологияи ҷумҳурӣ дар даҳсолаи охири истиқлолият ба натиҷаҳои назаррас ноил гаштанд. Дар ин муддат корҳои иктишофӣ- геологиро дар объектҳои буҷавию шартномавӣ ба роҳ монда, захираҳои зиёда аз 130 кони намудҳои гуногуни ашёи минералиро, аз қабили: тилло, нуқра, сурбу руҳ, қалъагӣ, фосфорит, ангишт, оҳаксанг, мармар, гаҷсанг, кварс, туфҳо, гилҳо ва регу шағалро аз ҳисобкунию азнавҳисобкунӣ гузаронида, ба хазинаи давлат барои истифода супориданд.
Кормандони соҳа равшан дарк менамоянд, ки муваффақиятҳои ба даст овардаашон тавассути ғамхории роҳбарияти мамлакат нисбат ба эҳёи кишвар, беҳсозии шароити зисти халқ, баландбардории обрўю нуфузи Ватан дар арсаи ҷаҳонӣ имконпазир гардиданд ва дар оянда низ асос мешаванд.