Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов
Душанбе, 12.09.2014 (АМИТ «Ховар»).- Нимаи дуюми рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, ки ба ҳайси меҳмони фахрӣ дар ҳамоиши навбатии сатҳи олии Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе иштирок дошт, мулоқот намуд.Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба рушди ҳамкории судбахши ду кишвари дӯст баррасӣ шуд.Таваҷҷуҳи зиёд ба роҳҳои татбиқи босамари санадҳои ҳамкорӣ ва тавофуқоти қаблии ду ҷониб, аз ҷумла доир ба тезондани сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон, зоҳир карда шуд.Изҳори боварӣ карда шуд, ки дар сурати истифодаи самарабахш аз имкону захираҳои мавҷудаи ҳамкорӣ робитаҳои иқтисодии Тоҷикистону Туркманистон метавонад ба маротиб афзун гардад.Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин доир ба мавзӯъҳои гуногуни минтақавию ҷаҳонӣ сурат гирифт.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






