«Ориёнбонк»: ифтитоҳи биноҳо идома меёбад

Сентябрь 11, 2014 10:52

Душанбе, 11.09.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ориёнбонк» ҷиҳати дар сатҳи баланд  истиқбол гирифтани 23-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Норак ва Роғун, инчунин дар ноҳияи Файзобод биноҳои наву замонавии филиалҳои бонкро ба истифода дод.  
  Биноҳои мазкур зебою замонавӣ буда, ба шаҳру ноҳияҳои кишвар симои тоза мебахшанд.  Муҳим он мебошад, ки  онҳо  барои хизматрасонии мизоҷон ниҳоят қулай буда, ба ҳама меъёрҳои  байналхалқӣ ҷавобгӯ мебошанд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти бонк, ҶСК «Ориёнбонк» нақша дорад, ки дар оянда низ ин иқдомро идома дода,  дар дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар чунин биноҳои замонавиро ба истифода диҳад.

Сентябрь 11, 2014 10:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид