«Пайраҳаи воқеӣ»-омили муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Қазоқистон
Душанбе, 10.06.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон ба ифтихори 23-юмин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остона пазироии расмӣ баргузор намуд.Дар чорабинии мазкур муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Мусинов Аскар Ахметович, роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими Қазоқистон, вазорату идораҳо, намояндагони ВАО, созмонҳои ҷамъиятӣ ва ҳамватанони бурунмарзӣ иштирок доштанд.Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон Н. Ализода дастовардҳои Тоҷикистон дар солҳои Истиқлолият, аҳамияти таърихии Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, сиёсати пешгирифтаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи навини Тоҷикистон, сиёсати хориҷӣ, ҳадафҳои стратегӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ, дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Қазоқистонро зикр намуд.Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Аскар Мусинов аз номи Ҳукумати Қазоқистон табрикоти худро ба сафир ва мардуми Тоҷикистон расонид. Ҳамзамон ӯ ба сатҳи муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳо баҳои баланд дода, зикр намуд, ки имрӯз Қазоқистон ва Тоҷикистон шарикони муҳими иқтисодӣ мебошанд. Алалхусус, ҷонибҳо дар самти ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, сармоягузорӣ, нақлиётӣ-коммуникатсионӣ, обию энергетикӣ, аграрӣ, бонкӣ, фарҳангӣ ва маориф фаъолона ҳамкорӣ менамоянд.Таъкид шуд, ки яке аз омилҳои муҳимтарини муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Қазоқистон -ин «Пайраҳаи воқеӣ»-и 50 ҳазор нафараи ҷамъияти тоҷикони Қазоқистон мебошад, ки дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Қазоқистон саҳми худро фаъолона мегузорад.Дар чорабинии ҷашнӣ сурудҳои миллӣ ва видеофилми мустанад «Оид ба ҳаёти имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешкаши ҳозирин гардид.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






