Забон- рукни асосии миллат ва давлат

Сентябрь 15, 2014 16:04

         «Забон рукни асосии миллат ва давлат аст. Миллату давлат соҳиб ва пуштибони забонанд.
Забон омили асосии давлат аст. Ин аст, ки забон ва давлату миллат дар паноҳи якдигаранд».
                                                                                                Эмомалӣ Раҳмон
 
Душанбе , 15.09.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Забони тоҷикӣ аз забонҳои бостонй ва соҳибхати олам буда, се марҳилаи тӯлонии инкишофро аз сар гузаронидааст: забони форсии кадим, забони форсии миёна, забони форсии нав. Зиёда аз ҳазор сол аст, ки халки тоҷик бо забони шевои тоҷикӣ гуфтугӯ карда, фарҳанги беназири худро чун хатти сабз аз як китоб ба китоби дигари таърих сабт мекунад. Шоирону нависандагон ва донишмандони оламшумул, мисли Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Абуалӣ ибни Сино, Носири Хусрав, Камоли Хуҷандӣ, Ҳофиз, Саъдӣ, Бедил, Аҳмади Дониш, Айнӣ асарҳои ҷовидонаву орифонаи худро бо забони тоҷикӣ эҷод карда, шуҳрати ин забонро боз ҳам афзунтар гардонидаанд.
Дар аҳди Сомониён забони тоҷикӣ ҳамчун забони ягонаи сарзаминҳои давлатдории тоҷикон қарор гирифт ва ҳамчун забони ташаккулёфтаи дорои меъёр ба сарзаминҳои ғарби Эрон ба ҷои забони паҳлавӣ густариш ёфт.
Мо имрўз забонеро ба мерос дорем, ки бо он ҳанўз аз оғози даврони исломӣ тарҷумаҳо ва тафсирҳои китоби муқаддаси Қуръон анҷом гирифтааст. Ин тарҷумаҳо ва тафсирҳо намунаи сабки беҳтарини забони мо дониста мешаванд. ҳатто куҳантарин тарҷумаи Қуръон, ки дастнависи он бо номи Қуръони қудс маъруф аст, дар асри ҳаштум ба яке аз лаҳҷаҳои забони тоҷикӣ навишта шудааст.
Баъдан яке аз аввалин тафсирҳои Қуръони маҷид — «Тафсири Табарӣ» низ ба забони мо тарҷума гардид. Ин далелҳо ва сад далели дигар баёнгари мартаба ва мақоми забони шевои тоҷикӣ аз он даврон то ба имрўз мебошанд.
Забони ноби модариамон моро ба даврони бисёр дури таъриху фарҳанги мардумамон пайванд медиҳад. Гузаштагони мо ҳанўз аз ҳазорсолаҳои пеш аз мелод то замони пайдоиши хат ва алифбо достонҳои бузурги шифоҳӣ офариданд, ки намунаи беҳтарини онҳо сурудҳои Авесто маҳсуб мешаванд.
Гуфта мешавад, ки давраи нави инкишофи забони адабии тоҷикӣ бахусус баъди Инқилоб ва арзи ҳастй намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт. Забони адабии китобй ба забони гуфтугӯии мардум наздик гардид. Тавлиди асарҳои устод Айнй мисли «Одина», «Марги судхӯр», «Ҷаллодони Бухоро», «Дохунда» ба рушди забони тоҷикӣ мусоидат намуд.
Минбаъд низ нависандагону шоирони муосири тоҷик, мисли Мирзо Турсунзода, Абулқосим Лохутӣ, Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода, Ҳабиб Юсуфӣ, Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ ва дигарон мисли гузаштагони худ чароғи забони модариро фурӯзон доштанд. 
Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои даврони истиқлолият дар шароити давлатдории навин барои рушди забони миллӣ дар мақоми забони давлатӣ аз тамоми шароиту имконот истифода менамояд. Рушди забони давлатӣ, ки ҳамчун муқаддасоти миллии мо пазируфта шудааст, аз вазифаҳои бисёр муҳими давлат барои ҳифзи арзишҳои волои миллӣ дониста мешавад.
Дуруст аст, ки ҳастии ҳар як халку миллат ба забони ӯ марбут аст. Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон низ вазифадор аст, ки забони модарии хешро гиромй дошта, дигаронро низ баҳри фарогирии он талқин намояд. Татбиқи ҳамаҷонибаи Қонуни забон дар ҳаёт ба нангу номуси ҳар яки мо вобаста аст. Ҳифзи ин сарвати беназири миллат барои донистани дигар забонҳо ҳамаҷониба муосидат мекунад.
         22-юми июли соли 1989, ки Иҷлосияи даҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули Қонуни забонро эълон дошт, барои тоҷикон рӯзи таърихй гардид. Мақоми давлатй пайдо кардани Қонуни забон бори дигар моро ба донистани нозукиҳои забони модарӣ ҳидоят намуд. 
Аз соли 2009-ум ин сана ба феҳристи ҷашнҳои кишварамон ворид гардида , рӯзи 5-уми  октябр ҳамчун Рӯзи забон  дониста шуда, ин сана ба феҳристи ҷашнҳои кишварамон ворид шудааст ва  ҳамчун ҷашни умумимиллӣ дар саросари мамлакат таҷлил  мешавад. 
Тавре ки олимону донишмандон муайян намудаанд, таърихи забони мо чандин навъи хату алифбо ва таълифи осори бесобиқаю беҳамто дорад. Ин моро водор месозад, ки дар замони истиқлолияти давлатӣ арзишҳои миллиро ба наслҳои имрӯзу фардои миллатамон муаррифӣ намоем.
Гузаштаи дури мо тавассути осори давраҳои таърихӣ мафҳум ва ошно буда, пайванди асрҳо ва наслҳоро маҳз ҳамин забон то ба имрӯз таъмин мекунад. Ҳар як сатри осори гузашта таърихи зиндаи фарҳанг ва забони мост.
Бо дастуру супориши Сарвари Давлат дар даврони соҳибистиқлолии кишвар таҳияи «Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016», таҳия ва пешниҳоди «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ», таҳия ва нашри «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» амалӣ гардид, ки он бо иқдоми Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби мутахассисони забоншинос анҷом дода шуд.
Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба 11 санади меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи интихоби вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва дигар санадҳои дахлдори қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба донистани забони давлатӣ ҳангоми пешбарии номзадҳо ба мансабҳои давлатии ҳокимияти давлатӣ, мансабҳои давлатии хизмати давлатӣ, роҳбарони мақомоту муассисаҳо намунаи чунин тадбирҳо дар таҳкими мақоми забони давлатӣ дар замони истиқлолият маҳсуб мешаванд.
Пос доштани забон вазифаи асосии ҳар як фард аст, тавре, ки Президенти мамлакат таъкид намуд, ҳар як фарзанди миллат бояд номбардори сазовори гузаштагон ва парчамбардори забону фарҳанги миллати хеш бошад. Он гоҳ мо метавонем дар тарбияи наслҳо дар рўҳияи муҳаббат ба Модар, Ватан ва забони миллӣ, ки аз муқаддасоти олӣ эътироф гардидаанд, муваффақ шавем.
 
 

Сентябрь 15, 2014 16:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Шаҳбози Аброр раиси нави Ҳизби демократи Тоҷикистон интихоб гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар «Тоҷикаэронавигатсия» роҳҳои таҳкими волоияти қонун ва маърифати ҳуқуқӣ баррасӣ гардиданд
Ҷаласаи Шурои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
СУРАТГУЗОРИШ. Дар Душанбе доир ба мушкилоти мубориза бо ҷинояткорӣ конфронси байналмилалӣ доир шуд
Профессорони Донишгоҳи нассоҷии Вуҳан барои мутахассисони соҳаи нассоҷии Тоҷикистон даври омӯзишӣ мегузаронанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ПЕШГӮИИ ОБУҲАВОШИНОСОН. Моҳи май ҳаво гарм ва сербориш мешавад
НАМУНАИ ВАТАНДӮСТӢ. Дар ҳама ҳолат бояд манфиатҳои миллат ва Ватанамонро ҳимоят карда тавонем
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳрҳои Исфара ва Конибодом ба иштирокчиёни ҷанги солҳои 1941-1945 кумакпулии яквақта расонида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад