Чорабинии зиддимухаддиротӣ дар Хоруғ
Душанбе, 14.10.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ)- Дар доираи татбиқи “Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 — 2020” рӯзҳои 11 ва 12 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Хоруғ дар ҳамкорӣ бо Раёсати Агентии маводи нашъаовар дар ВМКБ ва ҳукумати шаҳри Хоруғ чорабинии варзишии муҳорибаи тан ба тан баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 800 нафар иштирок намуд.
Ҳадаф аз баргузории чорабинӣ баланд бардоштани маърифати зиддимухаддиротии шаҳрвандон буд. Кормандони агентӣ таъкид доштанд, ки дар ҳамкорӣ дар самти пешгирии нашъамандӣ ва мубориза бо муомилоти ғайриқонунии мухаддирот корҳои зиёдро ба анҷом расонидан имконпазир аст.
Тибқи иттилои хадамоти матбуоти агентӣ, чунин чорабиниҳои зиддинашъамандӣ дар дигар ноҳияҳои ВМКБ низ ба нақша гирифта шудаанд.
Дар фарҷоми чорабинӣ варзишгарон бо мукофотҳои хотиравӣ ва медалҳо мукофотонида шуданд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






