Эҷодиёти З. Шаҳидӣ мероси маънавии Тоҷикистон ва ҷаҳон аст

Октябрь 14, 2014 17:08

 
Душанбе, 13.10.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ)-  Дар ҷаласаи 37-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО рӯйхати ҷашнвораҳо ва зодрӯзи шахсони маъруфи ҷаҳонӣ, ки аз ҷониби созмони ЮНЕСКО дар солҳои 2014-2015 таҷлил мешаванд, тасдиқ гардид. Дар рӯйхати мазкур 4 номгӯй  аз  Ҷумҳурии Тоҷикистон низ шомил аст: 3000- солагии бунёди Ҳисор, ҷашнвораи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, 600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ ва 100-солагии Зиёдулло Шаҳидӣ.  Бахшида ба ин падидаҳои муҳими ҷаҳонӣ бо шарқшинос ва фарҳангшиноси шинохта, директори Осорхонаи фарҳанги мусиқии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ, фарзанди устод Мунира Шаҳидӣ ҳамсуҳбат шудем:
-Ҷашнҳое, ки тибқи қарори Ҳукумати Тоҷикистон ва дастгирии ЮНЕСКО дар солҳои 2014-2015 дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ баргузор гашта истодаанд, маънаван ва мазмунан бо ҳамдигар пайванд буда, гувоҳи рушди тамаддуни мардуми тоҷик аз замонҳои қадим то ба замони худи мост. Агар Ҳисор ва бозёфтҳои археологӣ дар он мавзеъ нишонаи давраи қадимии тамаддуни халқи мо бошанд, ҳаёт ва фаъолияти Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ гувоҳи ҷуғрофии паҳновари ғояву андешаҳои инсондӯстонаи халқи тоҷик дар асрҳои миёна аст, пас мероси эҷодии оҳангсози маъруф Зиёдулло Шаҳидӣ таҷассуми инсондӯстӣ ва сулҳу оштии бани башар тавассути мусиқии муосир аст. Ҳамчун мутахассис дар соҳаи робитаҳои фарҳангии Шарқу Ғарб ва сарвари Осорхонаи маданияти мусиқии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ, ман бештар аз  омодагиамон барои ин ҷашн чанд сухан мегӯям.  
             Тайёрии мо ба ин ҷашн аз соли 2013 шурӯъ шуд. Мо пеш аз ҳама, аз ободонии сари манзили устод ва ҳамсараш- модари ман, Марҳабохон Шаҳидӣ шурӯъ кардем. Ҳамзамон бо дастгирии ташкилотҳои байналмилалии қароргоҳи Швейтсария ва Институти дарҳои кушода (Сорос) ду ҷилди суруду таронаҳои интихобшударо аз чоп баровардем ва онҳоро ройгон дастраси донишҷӯёну муҳаққиқони ватанӣ ва мухлисони мероси устод дар дохил ва беруни кишвар  гардонидем. Чанде пеш СД-и дуқабата иборат аз сурудҳо ва романсҳои машҳур, операи «Комде ва Мадан» ва «Симфонияҳои мақомҳо» дар Маскав дуюмин маротиба мунташир шуданд.
Худи ман дар соҳаи мутолеоти адабӣ-фарҳангии Шарқу Ғарб таҷрибаи муайан дорам ва дар чанде аз донишгоҳҳои ҷаҳонӣ, ба мисли донишгоҳи Лондон (SOAS), Сорбонн (Париж), Маркази тадқиқотии тамаддуни исломӣ (Куала Лумпур) ва  ҳоказо ба сифати устод-меҳмон аз фарҳанги миллӣ-минтақавии Осиёи Миёна дарс гуфта, аниқан медонам, ки дар ҷаҳони имрӯза таваҷҷуҳ ба фарҳангҳои ин минтақа ва алалхусус, фарҳанги тоҷик хеле зиёд аст. Агарчи маводи таълимӣ ва бахусус, маводи мусиқии касбӣ чӣ дар мактабҳои мусиқии ҷумҳурӣ ва чӣ берун аз он  ангуштшумор аст. Бинобар ҳамин ба чоп расидани ду ҷилди суруду таронаҳои устод Шаҳидӣ  бо дастгирии дафтари Швейтсария ва ИДК кори хуб аст, зеро як қатор китобхонаву фонотекаҳо дар дохил ва хориҷи кишварамон аз ин нашрияҳо баҳраманд гаштанд. Ғайр аз ин китобҳо мо 6 сароғозҳоро барои фортепианои устод бо порчаҳо аз операи «Комде ва Мадан» дар тафсири Толибхон Шаҳидӣ аз чоп баровардем, ки он ҳам ҳоло ба низоми  таълимоти мусиқии муосир ворид гардид. Вале коре, ки мо анҷом додем, қатраест аз дарёи мероси гуногунжанри устодони мусиқии муосири тоҷик.
-Мегуфтед, ки оё ҷавонони имрӯза ба эҷодиёти  устод майлу рағбат доранд? Толибилмони мактабҳои мусиқӣ бо эҷодиёти устод  шинос ҳастанд?
 -Талаботи ҷавонони имрӯза аз насли мо хеле фарқ мекунад.   Масалан мо сурудҳои Зиёдулло Шаҳидӣ, Фозил Солиев, Яъқуб Сабзанов, Шарофиддин Сайфиддинов, Хайрулло Абдуллоев, Дамир Дӯстмуҳаммадовро мешунидем ва онҳоро бо кайфияти том замзама мекардем. Ҳамзамон он суруду романсҳо, барҳақ байналмилалӣ буда, муҳити минтақаи Осиёи Марказиро низ мулоимтар ва осудатар месохтанд. Имрӯз бештаре аз ҷавонон ё сурудҳои хориҷиро меписанданд ва ё сурудҳои мардумиро. Албатта, танаввӯи фарҳангӣ  хуб аст ва муҳитро рангоранг месозад, вале ногуфта намонем, ки сурудҳои эҷодшуда ва дар нота сабт шуда дар натиҷаи тадқиқи бадеӣ тавлид мегарданд ва дар китобхонаҳо ва бойгониҳои дохилӣ ва хориҷӣ то абад боқӣ хоҳанд монд. Яъне, мисли дастхатҳои қадимии мо, ки ҳоло дар саросари ҷаҳон дастраси миллионҳо мухлисони шеъри ноби тоҷикӣ-форсӣ ҳастанд, дастхатҳои мусиқии мо низ дастраси мардуми гуногунзабон ва гуногунфарҳанги ҷаҳони ҳозира гашта истодаанд. Мутаассифона, бисёр асарҳои композиторони тоҷик дар ҷаҳони имрӯза ҳанӯз шинохта нашудаанд. Агарчи фаъолияти композиторони имрӯза, аз ҷумла, Толиб Шаҳидӣ, Фирӯз Баҳор, Алишер Латифзода, Фарангис Нуруллохоҷа бино бар талаботи замони нав ва бо шарофати технологияҳои муосир бо суръати замонавӣ вориди фазои мусиқии ҷаҳонӣ гашта истодаанд.        
Донистани мероси мусиқии классикии ҷаҳонӣ барои такмили ҳувияти миллӣ зарур буда, барои ворид гаштани фарҳанги тоҷик ба фазои фарҳанги ҷаҳонӣ мусоидат намуда истодааст. Дар ин ҷода, ба назари ман, радио ва телевизионҳои мамлакат бояд барномаҳои таълимотии бештаре дошта бошанд, зеро холигии фазои имрӯзаро сурудҳои бемаънову бемантиқ пур карда истодаанд. Чунин ҳолат мушкилоти фарҳангиро ба миён меоварад.
Имрӯз Осорхонаи фарҳанги мусиқии ба номи устод Зиёдулло Шаҳидӣ ба ҷавонони лаёқатманду соҳибкор  эҳтиёҷ дорад. Бештари тадқиқотҳо дар соҳаи мусиқии касбӣ, ки аз даврони шӯравӣ ба мо мерос мондаанд, ба забони русӣ навишта шудаанд. Канӣ тарҷумонҳое, ки онҳоро тарҷума кунанд? Масалан, китоби хуби «Зиёдулло Шаҳидӣ»-и Елена Орлова дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти устод соли 1986 ба чоп расида, дар нашрияи «Советский композитор» дар Маскав чоп шуда буд. Албатта, аз он замон то ба имрӯз зиёда аз бисту панҷ сол сипарӣ гаштааст. Бисёр мафҳумҳо ва паҳлӯҳои эҷодиёти Шаҳидӣ, ки нақди онҳо дар он замон мамнуъ буд, имрӯз бояд равшан шаванд. Агар ин китобро бо  таҳлилу назари имрӯза тарҷума ва нашр кунем, барои  ташнагони дониши фарҳанги мусиқӣ туҳфаи арзанда мешавад. 
-Муаллима, оё  то ҳол ягон муҳаққиқи мусиқишинос  пайдо нагардид, ки ин бойгонии устодро аз назари нав таҳлилу таҳқиқ кунад?
-Аслан доир ба зиндагӣ, фаъолият ва эҷодиёти   Шаҳидӣ мақолаҳои зиёде навишта шудаанд. Вале ҳоло шароити ҷаҳонӣ ва усулу услуби тадқиқотӣ низ бештар байнисоҳавист, яъне ҳар як падидаи фарҳангӣ диди нави байнисоҳавиро тақозо дорад. Масалан барои равшан сохтани муҳити зиндагии композитор ва арзёбии навовариҳои ӯ, саҳми эҷодкор дар нигоҳдорӣ ва рушд бахшидани анъанаҳои халқӣ ва классикӣ, ӯ бояд аз бурду бохти садаи гузашта хуб огаҳ бошад.  Чорчӯбаи соҳаи мусиқишиносии мутлақ барои дарки мероси устод дар рушди муҳити фарҳангии замона тангӣ мекунад.  
Дар Осорхонаи фарҳанги мусиқии  ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ  чандин нафар барои гирифтани унвони корманди илмӣ омада буданд,  мо онҳоро ба кор ҳам қабул намудем,  вале онҳо малакаи таҳқиқотӣ надоштанд. Бинобар ҳамин ё камии маошро баҳона мекунанд ва ё шароитҳои номусоиди зиндагии хешро ва мераванд. Вале сабаби асосӣ, пеш аз ҳама, набудани фарҳангшиносони касбӣ мебошад. Мо ба ҷавонони чорасоз эҳтиёҷ дорем, на ба ҷавонони мушкилсоз. Ҷавонон бояд ҳам донишманд ва ҳам ҷасур бошанд.   
-Муаллима оё ягон нафар аз аҳли оилаи устод ва хешон кӯшиши таҳлилу таҳқиқро накардаанд? 
-Албатта, ҳастанд нафароне, ки ба кори мушкили таҳлилу тадқиқот даст заданд ва ё ният доранд, дар оянда санъатшиносу фарҳангшинос шаванд. Толибхон Шаҳидӣ- писари устод Шаҳидӣ, эҷодкори ҷаҳоншинохта аст. Духтари ман, набераи устод  Фарангис Нурулохоҷа  ҳам оҳангсоз аст, ба наздикӣ дар озмуни композиторҳои ҷаҳон дар Санкт-Петербург сазовори ҷоизаи баланд гардид. Вале таҳлил ва таҳқиқи  асарҳои мусиқӣ ва муайан кардани саҳми устод дар рушди фарҳанги мусиқӣ, хусусан,  муҳити фарҳангӣ, умуман чизе дигар аст. Ҳамзамон мероси устод пеш аз ҳама мероси маънавии Тоҷикистон ва берун аз он мебошад. Дар ин ҷо қувваву қудрати оилаву авлод ба ҳеҷ ваҷҳ басанда нест. Мероси устод Шаҳидӣ як қисми мероси мусиқии ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Маҳз аз ҳамин сабаб ЮНЕСКО ин қарорро бароварда, боз як бор тасдиқ кард, ки омӯхтани мероси  устод Шаҳидӣ бояд ҳам аз дохил ва ҳам аз беруни кишвар дастгирӣ ёбад. 
-Дар давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанги мо, аз қабили Эрону Афғонистон бо  эҷодиёти устод Шаҳидӣ шинос ҳастанд ва имрӯз ҳунармандону оҳангсозони ин кишварҳо бо Шумо ягон робита доранд?
-Аз Эрон ба осорхона якчанд мусиқишинос омада буданду китоби Е. Орловаро барои тарҷума гирифта буданд. Вале то ҳол аз тақдири тарҷумаи он китоб чизе маълум нест. Агарчи, масалан, Аҳмад Зоҳир як оҳанги устод Шаҳидиро мехонад ва бино ба гуфти аҳмадзоҳиршиноси тоҷик Султон Ҳамад, роҳи расидани ин оҳанг ба сарояндаи машҳури Афғонистон маълум аст, ҳанӯз доираи ҳамкорӣ байни муҳаққиқон ва мусиқидонони Тоҷикистон ва Афғонистон ташкилотчии хубу донишмандро мехоҳад. Хуб мешуд, агар сафоратхонаҳои кишварҳои ҳамсоя фаъолтар бошанду  бо Вазорати фарҳанг ва бо мо бештар дар ин ҷода ҳамкорӣ кунанд.  Мо, албатта, тайёрем бо маводи лозим онҳоро таъмин намоем. Ба ман маълум аст, дар  Эрону Афғонистон ба композиторони мо таваҷҷуҳи хосе доранду суруду романсҳои композиторони мо бо завқу иштиёқи том қабул мешаванд. Дар Эрон мастер-классҳои Толиб Шаҳидӣ бо кайфияти том қабул мешаванд ва аз ин гуна мисолҳо бисёр овардан мумкин аст.   
-То имрӯз бахшида ба ҷашни 100-солагии устод дар ҷумҳурӣ кадом чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор шуданд?
-Бахшида ба ҷашни 100-солагии устод Шаҳидӣ мактаб -интернати ҷумҳуриявии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ ду конфронс бо консертҳоро баргузор намуд. Консерваторияи миллии ба номи Талабшо Сатторов як чорабинӣ гузаронид ва  ҳатто бойгонии давлатӣ аз бойгониаш маводи нодире оид ба зиндагиномаи Зиёдулло Шаҳидӣ дарёфт намуда, дар як конфронс онҳоро пешкаши ҷомеа намуд. Дар Донишкадаи давлатии ҳунарҳои зебои ба номи Мирзо Турсунзода низ як конфронс бо консерти бисёр хуб  доир гардид.  Дар Театри  академии опера ва  балети ба номи Садриддин Айнӣ операи «Комде ва Мадан»-ро ба маърази тамошо гузошта, инчунин як консерти асарҳои барои фортепиано эҷоднамудаи устод ва ҳамасронашро  бо ибтикор ва барандагии Толибхон Шаҳидӣ ба намоиш гузоштанд. Бояд гуфт, ки  дар сатҳи муассисаҳо корҳо хеле хуб ба роҳ монда шудаанд. Баъди ин чорабиниҳо ҷомеа гӯё аз нав эҷодиёти устодро кашф намуда истодааст. Мехостам аз маъракаҳои берун аз кишвар чанд сухан гӯям. 
            Рӯзҳои наздик Бунёди устод Шаҳидӣ дар ду маъракаи ҷаҳонӣ иштирок хоҳад кард. Рӯзи 19 октябри соли ҷорӣ консерти калон аз асарҳои симфонии классикҳои ҷаҳон дар Лондон бахшида ба 450-солагии Вилям Шекспир баргузор мешавад. Дар қатори асарҳои Чайковский, Прокофйев, Шостакович, асарҳои ду композитори муосири тоҷик,Зиёдулло Шаҳидӣ ва Толибхон Шаҳидӣ дар иҷрои оркестри симфонии Бритониё зери роҳбарии дирижер  садо медиҳад. Дигар чорабинӣ-ин конфронси байналмилалӣ таҳти унвони «Харитаи мусиқии ҷаҳон» аст, ки аз 18 то 25 октябр дар шаҳри Маскав баргузор мегардад. Дар барномаи ин конфронси бонуфуз ду консерт, бахшида ба 100-солагии Зиёдулло Шаҳидӣ баргузор хоҳад гашт. Ҳамзамон ман дар мавзӯи «Зиёдулло Шаҳидӣ: санъат ва ҷаҳонбинӣ»  дар мизи мудаввар сухан мегӯям. Фарангис, набераи устод, бо як гурӯҳ ҳунармандон аз Канада омада, мусиқии устод Шаҳидиро пешкаши ҳаводорони санъати мусиқӣ мегардонад. Дар консерт гурӯҳи шашмақомхонон бо роҳбарии Абдувалӣ Абдурашидов иштирок хоҳанд кард.
Маъракаи дигари ҷаҳонӣ рӯзҳои 8-9 ноябр дар Донишгоҳи Кембриҷ зери унвони «Шарқшиносӣ ва рушди санъатҳои муосир» баргузор мегардад, ки ман он ҷо бо маърӯзаи «Адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик дар асарҳои Зиёдулло  Шаҳидӣ» сухан мегӯям.  
-Ҳунармандони муосири тоҷик оё ба эҷодиёти устод таваҷҷуҳ доранд ва аз он истифода менамоянд?
-Имрӯз чанд нафар ҳунармандон ба эҷодиёти Шаҳидӣ таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд ва аз ин мерос истифода мекунанд. Албатта, пеш аз ҳама, ҳофизи маҳбуби мо Бурҳон Муҳаммадқулов, Миралӣ Достиев, Шарофат Усмонова, ки бо ариозои Комде аз операи «Комде ва Мадан» дар озмуни овозхонони байналмилалӣ дар Тошканд ҷои дуюмро ишғол кард, Нигина Амонқулова,  ки суруди «Дар лаби обӣ»-ро аз нав зинда кард. Афзалшо Шодиев ва дигарон сурудҳои «Шунидам», «Хонаи мо» ва ғайраро месароянд.  Ин ҳунармандон баъзан зимни сурудхонӣ таъкид месозанд, ки аз эҷодиёти устод Шаҳидӣ истифода намудаанд. Вале, мутаассифона,  ҳастанд ҳунармандоне, ки  ҳатто намедонанд оҳанги киро месароянд. Агар ҳунарманд надонад, шунаванда аз куҷо медонад. 
Дар тарғибу ташвиқи эҷодиёти устод Шаҳидӣ ва бахшида ба ҷашни 100-солагии устод ҳунармандони соҳаи санъати мусиқӣ саҳми арзандае гузошта истодаанд. Хуб мешуд, агар шоирон, нависандагон ва рассомони мо низ ба ин сана таваҷҷуҳи бештаре зоҳир мекарданд, аз ҷумла, донишҷӯёни мактаби Шаҳидӣ, Донишкадаи давлатии ҳунарҳои зебои ба номи Мирзо Турсунзода, Консерваторияи миллии ба номи Талабшо Сатторов, Иттиҳоди композиторон. Масалан онҳо метавонанд дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ консерҳо ташкил карда, эҷодиёти устод ва ҳамасронашро ба ҳаводорони мусиқӣ пешкаш намоянд. Бо ин роҳ ҳам арвоҳи гузаштагон аз мо шод мегардаду ҳам муҳити фарҳангии кишварамон шаффофтару меҳрангезтар мегардад.  
-Дар хориҷа аз эҷодиёти устод Шаҳидӣ истифода мебаранд?
  -Китобе ки мо чоп кардем, дар кишварҳои хориҷӣ паҳн гардид. Фикр мекунам дар Англия, Фаронса, Олмон, Италия, ИМА  ин китобҳоро таҳлилу  таҳқиқ карда,  ҳар чизе барояшон мувофиқ афтад,   гирифта, онро рӯи кор меоранд.  Дар Шветсия ва Чин романси «Зи сӯзи сина» иҷро мешавад. Дар  Эрону Ҳиндустон суруди «Муҳаббат» ва «Эй моҳи ҳинду»-ро мехонанд. Як ҳофизаи африқоӣ дар Британияи Кабир суруди «Муҳаббат»-ро бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ чунон мехонад, ки шахс аз шунидани он кайфият мебарад. Вай  доим эълон медорад, ки нотаҳои ин сурудро аз Тоҷикистон, аз осорхонаи Шаҳидӣ дастрас намудааст. Ин худ як саломи тоҷикона ба Осиёву Африқову Аврупо мебошад. 
 
-Ташаккур барои суҳбат.

 

Октябрь 14, 2014 17:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Шаҳбози Аброр раиси нави Ҳизби демократи Тоҷикистон интихоб гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар «Тоҷикаэронавигатсия» роҳҳои таҳкими волоияти қонун ва маърифати ҳуқуқӣ баррасӣ гардиданд
Ҷаласаи Шурои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
СУРАТГУЗОРИШ. Дар Душанбе доир ба мушкилоти мубориза бо ҷинояткорӣ конфронси байналмилалӣ доир шуд
Профессорони Донишгоҳи нассоҷии Вуҳан барои мутахассисони соҳаи нассоҷии Тоҷикистон даври омӯзишӣ мегузаронанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ПЕШГӮИИ ОБУҲАВОШИНОСОН. Моҳи май ҳаво гарм ва сербориш мешавад
НАМУНАИ ВАТАНДӮСТӢ. Дар ҳама ҳолат бояд манфиатҳои миллат ва Ватанамонро ҳимоят карда тавонем
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳрҳои Исфара ва Конибодом ба иштирокчиёни ҷанги солҳои 1941-1945 кумакпулии яквақта расонида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад