Муҳокимаи иштироки Тоҷикистон дар ҷаласаи СПЕКА
Душанбе, 15.10.2014.(АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо муовини котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо (UNECE) Андрей Василев дирӯз баргузор гардид.
Дар мулоқот доираи васеи масъалаҳои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо, аз ҷумла дар соҳаҳои обу энергетика, нақлиёт, гумрук мавриди муҳокима қарор гирифт. Инчунин тарафҳо ҳамкориҳои дуҷонибаро дар чаҳорчӯби Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти кишварҳои Осиёи Марказӣ (СПЕКА), аз ҷумла иштироки Тоҷикистон дар 9-умин ҷаласаи Шӯрои идоракунандаи СПЕКА ва Форуми иқтисодии СПЕКА (Ашқобод, 4-5 декабри 2014) баррасӣ намуданд.
Ба масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳои UNECE дар Тоҷикистон низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷӣ иттилоъ доданд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






