Суханронии С.Аслов дар Институти Гёте
Душанбе, 22.10.2014 (АМИТ «Ховар»).- 21 октябри соли 2014 дар шаҳри Брюссел дар толори Институти Гёте вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар чорабинӣ дар мавзӯи “Чолишҳои амниятӣ дар Осиёи Марказӣ ва паёмадҳои хуруҷи неруҳои байналмилалии мусоидат ба амният аз Афғонистон”, ки бо ибтикори муштараки Тоҷикистон, Иттиҳоди Аврупо, Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ ва Бунёди “Hanns Seidel Stiftung” доир гардид, сухан гуфт.
Зимни суханронӣ C. Аслов мавқеи Тоҷикистонро доир ба вазъи имрӯзаи Афғонистон ва роҳҳои пешгирии чолишу хатарҳои минтақавиву ҷаҳонӣ, аз қабили терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои фаромиллӣ, инчунин таҳкими ҳифзи сарҳадот ва эҳёи иқтисодиву иҷтимоии Афғонистон иброз кард. Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ҳамеша омодаи ҳамкорӣ ва кумак ҷиҳати истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон мебошад.
Дар чорабинии мазкур фиристодаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Янош Ҳерман, намояндаи махсуси Дабири кулли Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубӣ Ҷеймс Аппатурай ва дигар ашхоси баландпояи созмонҳои минтақавиву байналмилалӣ, сиёсатмадорон, корпуси дипломатии муқими шаҳри Брюссел, олимон ва намояндагони воситаҳои ахбори оммаи аврупоӣ ширкат варзиданд.
Ҳамчунин дар ҳошияи чорабинии мазкур намоишгоҳи аксҳо таҳти унвони “Тоҷикон дар оинаи таърих” барпо гардид, ки зимни он Сироҷидин Аслов дар бораи таъриху фарҳанг ва санъати куҳани тоҷикон, инчунин имконоти васеи сайёҳии кишвар суханронӣ кард.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






