А. Абдуллоев: Тақлиди эҷодкорона мояи ифтихор ва шодмонист

Ноябрь 8, 2014 12:34

Душанбе, 8.11.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Ҳангоми бозӣ тамошобин дар саҳна аз наздик истеъдоди табиии ӯро бо парвози андешаҳову афкор, мушоҳидакориву тобишҳои гуногуни ҳунари тақлид, имкониятҳои фарохи нутқу овоз, мимикаи чашму рӯй, пар-пари абрӯвон, ҳаракатҳои шӯхи узвҳои тан, дарки ҳолату ҳодисаҳои саҳнавӣ, муносибати озоду самимӣ бо ҳамбозҳо, эҳсос ва гӯш кардану фаҳмидани ҳампеша равшан мебинад. Ӯ дар саҳна чун меҳвар гурӯҳи эҷодиро дар гирди хеш муттаҳид месозад. 
Дар як саҳна як нафар бо чанд чеҳраву хислат намудор мешавад, ки бинанда аслан як нафар будани иҷрокунандаро фаромӯш мекунад. Меъёри забон дар «шӯхӣ»-ҳо бисёр хубу баҷо риоя мегардад. Забони «шӯхӣ»-ҳо аслан адабӣ буда, лаҳҷа ва гӯишҳои мардумӣ хеле эҷодкорона ва мутаносиби мӯҳтавои саҳна бамаврид истифода мешаванд. 
Сабаби асосии писанди ҳамагон шудани «шӯхӣ»-ҳо маҳорату истеъдоди табиии ӯ мебошад. Барои иҷрои нақши занҳо ӯ мӯйлабҳои зебои худро борҳо қурбони теғ гардонидааст. Нақшҳои занонаи ӯ мисли ҳамаи қаҳрамононаш оддию самимӣ, табиию беозор, шодибахшу фараҳфазоянд. Дурахши ҳунару истеъдоди ин нафар сӯзанда не, созанда асту ба қалбҳо гармӣ ва равшанӣ ато мекунад, рӯҳи мардумро моломоли фараҳу шодӣ мегардонад. Хонандаи азиз кист ин нафар? 
Дар рӯзи ҷашни театр хабарнигори АМИТ «Ховар»  бо ҳунарманди Театри мусиқӣ — мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қурғонтеппа, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Аловуддин Абдулоев як суҳбати пурмуҳтаво орост, ки онро пешкаши шумо мегардонем.
-Аловуддин Абдуллоев, Шуморо аз номи аҳли эҷоди АМИТ «Ховар»   бо Рӯзи театри тоҷик- 7-уми ноябр табрик менамоем. 
Шумо нахустин ҳунармандед, ки дар жанри «театри як актёр» нақш меофаред ё ҳаст нафаре, ки дар ҳамин равия нақш эҷод мекунад? 
-Модоме ки мо шурӯъ кардем, он идома хоҳад ёфт. Ман ҳам пеш аз оне, ки даст ба ин кор занам, қаблан нақшофарии яке аз ҳунармандони шинохтаи Иттиҳоди Шӯравӣ, ҳунарманди театру синамо Игор Илинскийро медидам, ки аз рӯи ҳикояҳои А. Чехов дар филмҳо нақши чанд нафарро иҷро мекард. Он солҳо ман донишҷӯ будам ва ба ин ҳунар хеле шавқ доштам. Сипас дар ёд дошта бошед, устод У. Раҷабов ҳам ба таври шӯхӣ  як таронаеро иҷро кард, ки дар он худашон ҳам мерақсиданду ҳам менавохтанд, мутаассифона, аз ин саҳна дигар болотар нарафтанд, яъне саҳнаҳои худро дар ин жанр зиёд накарданд.  
-Дар саҳнаҳое, ки вақтҳои охир эҷод мешаванд, ба онҳо нафари дигар -Маҳмадулло Кабиров ворид шуд. Оё Шумо аз ин жанр берун баромаданиед?
-Жанри ман инро иҷозат медиҳад. Маҳмадулло Кабиров бо ҳузури худ саҳнаҳои манро пур мекунад, дар чанд саҳнае, ки ӯ нақш офарид, ман дидам, ки он аз ҷониби тамошобин хеле хуб пазируфта шуд. Чунин овозаҳо ҳам буданд, ки Аловуддин эҳтиёт шав, ки обрӯи Маҳмадулло  Кабиров аз ту баландтар шуда истодааст, мабодо ҷоятро нагирад. М. Кабиров ҳунарпешаи Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қурғонтеппа мебошад, пеш аз ин ҷо фаъолият кардан дар Театри халқии ноҳияи Файзобод фаъолият кардааст. Ҳунарманди шинохта Қиёмиддин Чақалов ба ӯ ҳаққи устодӣ дорад. Бо он кас мо бисёр наздикӣ дорем. Дар чанд намоишномаи театри мо нақш офаридааст. Дар ду сафари ҳунарии мо ба хориҷи кишвар моро ҳамроҳӣ кард. Ҳарчанд Маҳмадулло табитан беморӣ дорад, вале мардум ҳунари ӯро хеле хуб қабул карданд. Ман як филми мустанадро дар бораи Маҳмадуло ба навор бардоштам, ки дар фестивали байналмилалии синамобазми «Дидор» нишон додем ва он соҳиби ҷоизаи беҳтарин филми мустанад  ҳам гардид. 
-Дар интихоб ва дарёфти либосҳо кӣ ба Шумо кумак мекунад? Аз куҷо ин либосҳоро дастрас мекунед?
-Бештари либосҳо аз наздиконам, ҳамсарам ва шиносҳоям ҳастанд, аз либосҳои театр ҳам истифода мебарам. Лаҳзае ҳатто шудааст, ки куртаи нави ҳамсарамро аввал ман дар нақши занона пӯшидам ва ҳамсарам хеле хурсанд шуда, гуфт, ки куртаамро шумо пеш аз ман «реклама» кардед.
-Аловуддин Абдуллоев дар саҳнаҳои ҳаҷвиаш камбудиву норасоиҳои ҷомеаро фош мекунад, ҳолате шудааст, ки ягон нафар аз тақлиду танқидатон изҳори норозигӣ  карда бошад?
-Сад шукр, ки чунин ҳолат нашудааст. Танҳо баъзе вақт иловаҳои дӯстона пешниҳод мешаванд. Ман дар саҳнаҳоям аз лаҳнҳои манотиқи гуногуни кишвар бисёр истифода мебарам. Чанд сол пеш ба Бадахшон  сафари ҳунарӣ доштам ва ҳангоми намоиши барномаи ҳунарии мо дар Театри шаҳри Хоруғ мардуми зиёд ҷамъ омад. Он шӯхиҳое, ки дар он ҷо кардам, бисёр ба мардуми ин манотиқ хуш омад ва хеле хуб қабул ҳам карданд. Манро ҳамчун як ҳунарманди тақлидкор не, балки муаррифгари мардуми ин гӯшаи кишвар хонданд. Ман аз он сарбаландам, ки мардум маро дуруст фаҳмид.  Чунин воқеаҳо дар минтақаҳои вилояти Суғд ҳам буданд. Вақте ки тақлид эҷодкорона, бо маҳорати баланд дар пояи меҳру эҳтиром иҷро мешавад, мояи ифтихор ва фахру шодмонӣ мегардад. 
-Истеъдоди фитрию худододи Шуморо мардум хеле хуб қабул карданд. Имрӯз нақшҳои Шумо дар синамо ҳам ҳастанд, гуфта метавонед, ки кулли ҳунармандони театр дар синамо нақш офарида метавонанд?
-Гарчанде ки синамо нозукӣ ва талаботи худро дорад, вале ҳунарманди театр, албатта, аз иҷрои нақш дар синамо бо сарбаландӣ баромада метавонад. Ҳунарманде, ки заминаи асосӣ- мактаби театрро гузаштааст, аз уҳдаи нақш дар синамо мебарояд. На ҳар бинандаву ҳаводори ҳунар медонад ва ё эҳсос мекунад, ки офаридани як нақш чӣ андоза сӯхтану гудохтанҳо, обутоби эҷодиро тақозо мекунад. Албатта, барои тамошогари театр ин чандон муҳим нест. Муҳим он аст, ки ӯ аз бозии ҳунарпеша лаззати маънавӣ бигирад, аз намоиш дастуре, ҳикмате, ғановати бадеӣ бардошта, дар андешаву афкори хеш ҳосил намояд, дар замираш шодиву фараҳ, эҳсоси хушу гуворо, гармиву ҳарорат ва ангезаҳои мухталиф зуҳур кунанд.    
-Бахшида ба Рӯзи театри тоҷик мухлисон кадом саҳначаҳои нави  Аловуддин Абдуллоевро тамошо хоҳанд кард?
-Имрӯзҳо 5 саҳнаро ба навор гирифтаем, ки рӯи дастгоҳи танзимгарӣ аст. Ин саҳнаҳо аз рӯи асари А. Чехов «Дипломатия», шӯхиҳо ва латифаҳои мардумиянд, ки рӯзҳои наздик пешкаши мардум хоҳанд гашт.
-Чаро ба театрҳои пойтахт ба кор намеоед? 
-Агар даъват кунанд, чаро не. Ростӣ то ҳол ягон даъвати ҷиддӣ ҳам нашудааст. Аз тарафи дигар дар минтақаи Қурғонтеппа чандин солҳо зиндагӣ кардам, решапайванд ҳам шудаем. Дар кӯдакӣ ба ин театр меомадам, дар ин ҷо аз коргари саҳна фаъолиятамро оғоз кардам ва ин театрро бисёр дӯст медорам. Соли 1989 вақте ки донишкадаро хатм кардам, роҳбарони театрҳо омада, корҳои дипломиро тамошо мекарданд, якчанд даъват, аз ҷумла аз ҷониби саркоргардони ҳамонвақтаи театри Лоҳутӣ Хушназар Майбалиев (рӯҳашон шод бод) ва Театри ҷавонон ҳам шуда буд. 
-Фарқи театрҳои тоҷик аз театрҳои дигар кишварҳо дар чист?
-Мо ба наздикӣ дар як фестивали байналмилалии театрҳои Осиёи Марказӣ дар кишвари Қазоқистон бо намоишномаи «Лаку Пак» иштирок кардем ва соҳиби ҷоизаву диплом ҳам гаштем. Ман дар он ҷо дидам, ки мактаби ҳамаи коргардонҳою ҳунармандон як мактаб аст. Ҳамон мактабе, ки ҳамаи мо онро омӯхтем, яъне мактаби санъати  актёрии Станиславскийро хатм кардаанд. Он дарде, ки мо имрӯз дорем- набудани драматургияи хуби миллӣ-ин танҳо дарди мо нест, дарди  ҳамаи театрҳои Осиёи Марказӣ — Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва дигар кишварҳо мебошад. Мо коргардонҳои касбӣ надорем, агар бошад ҳам, ангуштшуморанд, чун Давлат Убайдуллоев, Шавкат Халилов, Бурҳон Раҷабов, Барзу Абдураззоқов, Султон Усмон, ки онҳо дар чандин фестивалҳои  бонуфуз чанд маротиба соҳиби Шоҳҷоиза- Гранпри шудаанд. Боиси хурсандист, ки имрӯз ҷавонони зиёди мо дар хориҷа дар риштаи коргардонӣ-тарҳрезӣ  таҳсил доранд, мо умед дорем, ки онҳо биёянду намоишномаҳоро бо диди муосир таҳия намоянд. 
-Ман гумон мекунам, ки дар ташаккули шахсият ва эҷодиёти Шумо нақши ҳунарманди маҳбубу маъруфи Тоҷикистон шодравон Маҳмудҷон Воҳидов ҳаст. Шумо дар бораи эҷодиёти Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон шодравон М. Воҳидов, ки 75- солагиаш ҷашн гирифта шуд, чӣ андеша доред?
-М. Воҳидов яке аз устодон ва шахсиятҳои бисёр азиз ва бузурги кишвар аст. Мо аз ҳамсабақи ӯ -Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Майрам Исоева таълим гирифтем ва дарсе набуд, ки он кас дар бораи ин ҳунарманди нотакрор бо муҳаббат сухан ё нақле нагуфта бошад. Масалан, як нақши офаридаи он кас дар филми «Рустам ва Сӯҳроб» аз рӯи асари «Шоҳнома»-ро бинед, ки як ҳунарманд чанд нақши манфиро бо маҳорат ва истеъдоди баланд  офаридааст. Аз рӯи нақлҳои М. Исоева М. Воҳидов ҳунарманде буд, ки шабу рӯз эҷод ва меҳнат мекард. Аз ин нақлҳо бармеояд, ки ҳар ҳунарманде, ки аз сидқи дил меҳнат мекунад, албатта, ба қуллаҳои баланди санъат мисли устод М. Воҳидов мерасад. Ва ин намунаи ибрат  аст барои ҳунармандони мо. Рӯҳи ин ҳунарманди нотакрор шод бод! 
 
-Нақшаҳои Шумо дар оянда.
-Мехоҳам як намоишнома аз рӯи асари С. Айнӣ «Қорӣ ишкамба»-ро рӯи саҳна биёрам, бо барномаҳои нав, шӯхиҳои нав. Дар ҷодаи синамо ҳам ният дорем, ки  бо коргардони шинохтаи тоҷик Носир Саидов як филми мазҳакавиро ба навор гирем. 
Ба тамоми ҳамкасбон, тамоми мухлисон тамоми ҳаводорони санъати театрӣ табъи болидаро таманно дорам. Мехоҳам ҳамеша толорҳои мо пур аз тамошобин бошанд, тамошобине, ки ҳакиқатан бо нияти тамошо кардан ба театр омадааст. Рӯҳи асосгузорони театри тоҷик, устодону ҳунармандоне, ки умрашонро сарфи ин касб кардаанд ва имрӯз миёни мо нестанд, мададгори мо, ҳунармандон бошад ва мо корҳои онҳоро идома диҳем.  
-Ба Шумо ва дар симои шумо ба тамоми ҳунарпешаҳо, коргардонҳо, драманависҳо, рассомон, бастакорон, тамоми аҳли театрии кишвар   дастоварду комёбиҳои эҷодии беназир, бурду бохт ва муваффақиятҳоро дар нақшаҳои ояндаатон  орзу дорем. 
 А. Абдуллоев дар баробари ҳунарпешаи сермаҳсул ва хушсалиқа будан, инчунин ба ҳайси коргардон-таҳиягари асарҳои саҳнавӣ эътироф гардидааст. Дар Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи А. Муҳаммадҷонов намоишномаҳои «Найрангҳои Скапен» ва «Табиби зӯракӣ», «Ҳиллаҳои Аҷузкампир», «Кӯзаи гӯё»-ро ба саҳна гузоштааст. Инчунин муаллиф, коргардон, рассоми пардозгар, иҷрокунандаи қариб ҳамаи нақшҳои телевизионии «Шӯхиҳои Аловуддин» худи ӯ буда, саҳнаҳо асосан маҳсули мушоҳидаи муаллифанд. Қаҳрамонҳои онҳо муосирони мо мебошанд ва эҳтимол худи мо бошем.Забони намоишҳо, ки аз лаҳҷаи маҳаллӣ тавлид шуда ё аз зиндагии қаҳрамон шакл гирифтаанд, гӯшнавозу хандаоваранд. Аловуддин дар саҳначаҳои ин намоишнома худро ба сурати мардону занон оро дода, дунёи ботин ва ҳолати рӯҳонии ҳар қаҳрамонро бо маҳорати хосса ба бинандагон нишон медиҳад. Баъзан дар «Шӯхӣ»-ҳо тағояш Маҳмадулло Кабиров, фарзандаш Ардашер Абдуллоев ва бародараш Отахон Абдуллоев ширкат меварзанд. 
А. Абдуллоев дар синамо ва овоз додан (дубляж)-и филмҳои ҳунарӣ низ комёб мебошад. Нақшҳои бозикардаи ӯ дар филмҳои «Падари маҳтобӣ», «Братан», «Тӯҳмат», «Чоҳ», «Муҳаббат», «Шоҳид», «Интихоби ман», «Қиёми рӯз», «Муаллим» ва филмҳои телевизионии «Дар орзуи падар», «Бағоҷ», «Нисфирӯзӣ», «Қарзи виҷдон», «Фарзандони бегона» ва силсилафилмҳои «Хуррамдиёр» басо хотирмон мебошанд. Дар дубляж низ маҳорати хосса дорад. Садои ӯ дар филмҳои ҳунарии «Бандии Қафқоз», «Ман бо духтаре вохӯрдам», «Ҷаноби Бин» ба хислату амали қаҳрамон созгору муносиб афтидааст. Дар филмҳои таҳия намудаи худаш «Раҳоям бисоз оча», «Дом», «Ҷӯгӣ», «Пушаймонӣ», «Ошиқ Мусаввар», «Рӯшониҳо», «Буқаламун» ва «Ҳодиса» низ нақшҳои ҷолибро пешкаши ҳаводорони ҳунараш намудааст. 
Дар баробари кори сангини эҷодӣ аз соли 2004 Аловуддин Абдуллоев масъулияти баланд- сарварии театрро низ ба зимма дорад. Аз ин ҷост, ки Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Қурғонтеппа дар қиёс бо дигар театрҳои музофотии кишвар ҳамеша дар фазои эҷодӣ қарор дошта, барномаи ҳунариаш ба туфайли ҷаҳду талош, ғайрату сарсупурдагӣ, муҳаббату садоқат ба касбу ҳунар пайваста писанди мухлисони санъати театрӣ мебошад. 
Хидматҳои А. Абдуллоев дар ҷодаи санъат ва рушди ҳунари миллӣ борҳо қадр шудаанд. Унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон олитарин қадрдонист аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва махсусан Сарвари Давлатамон Эмомалӣ Раҳмон. Дар озмунҳои ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ-«Парасту» борҳо ҷоизаи «Беҳтарин нақши мардона»-ро соҳиб шуда, барои хидматҳои шоистааш медали «20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон»-ро мушарраф гардид. 
Дар ҳамаи саҳнаҳо Аловуддин ҳам муаллиф, ҳам коргардон, рассоми пардозгар ва албатта, иҷрокунандаи нақши қариб ҳамаи қаҳрамонҳост. «Шӯхиҳои Аловуддин» дар ҳоле, ки зиндагӣ сахту номард аст, ба дардҳои рӯҳиву ҷисмонии ҷомеа ва мардум доруву дармон мебошанд. Ӯ мехоҳад, ки бо ханда ба дарди мардум шифо бахшад, давои дарду доғҳои ҷомеа бошад. 
-Агар Аловуддин дар мактаби миёна бо меҳр хислату гуфтори муаллимони худро тақлид мекард, акнун шӯхиҳои бачагию наврасиаш ба тақлидҳои ҷиддитар табдил ёфтаанд, акнун устодони маъруфи донишкада, арбобони намоёни фарҳангу ҳунари тоҷик ва шӯравӣ мавриди таҳқиқ ва тақлиди Аловуддин қарор гирифтаанд.
 

Ноябрь 8, 2014 12:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Шаҳбози Аброр раиси нави Ҳизби демократи Тоҷикистон интихоб гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар «Тоҷикаэронавигатсия» роҳҳои таҳкими волоияти қонун ва маърифати ҳуқуқӣ баррасӣ гардиданд
Ҷаласаи Шурои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
СУРАТГУЗОРИШ. Дар Душанбе доир ба мушкилоти мубориза бо ҷинояткорӣ конфронси байналмилалӣ доир шуд
Профессорони Донишгоҳи нассоҷии Вуҳан барои мутахассисони соҳаи нассоҷии Тоҷикистон даври омӯзишӣ мегузаронанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ПЕШГӮИИ ОБУҲАВОШИНОСОН. Моҳи май ҳаво гарм ва сербориш мешавад
НАМУНАИ ВАТАНДӮСТӢ. Дар ҳама ҳолат бояд манфиатҳои миллат ва Ватанамонро ҳимоят карда тавонем
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳрҳои Исфара ва Конибодом ба иштирокчиёни ҷанги солҳои 1941-1945 кумакпулии яквақта расонида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад