Боз як қадами «Хайр» барои дарёфти медали нуқра
Душанбе, 12.11.2014. (АМИТ «Ховар»).- Дастаи «Хайр» — и шаҳри Ваҳдат дар даври 17 — уми мусобиқоти Тоҷикистон оид ба футбол дастаи «Равшан» — и шаҳри Кӯлобро бо ҳисоби 2:1 мағлуб сохта, барои гирифтани медалҳои нуқра имконияти нав ба даст овард.Тавре ки аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, 11 ноябр ду бозии даври 17 — уми мусобиқоти ҷумҳурӣ байни дастаҳои лигаи олӣ баргузор г ардид. Дастаи ССКА «Помир» ба дарвозаи дастаи «Вахш» — и шаҳри Қӯрғонтеппа 7 тӯб ворид намуд. Имрӯз, 12 ноябр, боз ду вохӯрии даври 17 — уми мусобиқот сурат мегирад. Дастаи «Хуҷанд» бо дастаи «Регар — ТадАЗ» — и шаҳри Турсунзода вохӯрда, дастаи «Истиқлол» бо клуби «Далерон» — и Истаравшан қувваозмоӣ менамояд. Қобили зикр аст, ки баъди анҷоми ин вохӯри маросими ба дастаи «Истиқлол» супурдани Ҷоми қаҳрамон барои пирӯзӣ дар мусобиқоти Тоҷикистон дар соли 2014 баргузор мешавад.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






