Кӯлоб: Чиниши пахта идома дорад
Кӯлоб, 12.11.2014. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Новобаста ба бориши боронҳои фасли тирамоҳ кишоварзони ноҳияи Кӯлоб бо истифода аз рӯзҳои офтобӣ ҷамъоварии пахтаро идома медиҳанд. Дар ҷамоати деҳоти «Зарбдор»-и ноҳия чор кооперативи истеҳсолӣ ва понздаҳ хоҷагии деҳқонии пахтакорӣ мавҷуд аст, ки ҳамасола аз заминҳои ин хоҷагиҳо ҳосили фаровон рӯёнида мешавад.Соли равон кишоварзони ҷамоати мазкур дар 692 гектар замин навъҳои «Ориён» ва 65-30 кишт карда, бо риояи қоидаҳои агротехникӣ ҳосили хуб парваридаанд.Имсол мувофиқи нақшаи дурнамо кишоварзони ҷамоати деҳоти «Зарбдор» мақсад доранд 1 ҳазору 533 тонна пахта ҷамъоварӣ намоянд ва барои иҷрои нақша ҳамарӯза садҳо нафар саҳмдорон ба саҳро баромада, аз 10 то 15 тонна пахта ҷамъоварӣ менамоянд. Дар айни замон хоҷагиҳои пахтакори ҷамоати деҳоти Кӯлоб дар чиниши пахта пешсаф буда, иҷрои нақшаи дурнаморо ба 93 фоиз расонидаанд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






