Моҳпайкар: Мехоҳам тамоми бузургони театр дар бари мо бошанд

Ноябрь 5, 2014 12:42

Душанбе, 5.11.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- 7-уми ноябр ҳамасола дар ҷумҳурӣ ҳамчун Рӯзи театри тоҷик таҷлил мегардад. Рӯзи 7-уми ноябри соли ҷорӣ дар Театри давлатии ҷавонон ба номи М. Воҳидов ҷашни театр бо шаҳомати хосса баргузор мегардад.Ба ин хотир хабарнигори АМИТ «Ховар» тасмим гирифт, ки доир ба бурду бохти фаъолияти кормандони Театри ҷавонон бо яке аз ҳунармандони шинохтаи театри мазкур Моҳпайкар Ёрова суҳбат намояд. -Сараввал мехостам бигӯед, ки театри тоҷик дар тӯли 23-соли Истиқлолияти давлатӣ ба кадом дастовардҳо ноил гардид?-Боиси ифтихор ва сарбаландии мо, мардуми тоҷик ва ҳунармандон аст, ки мо дар даврони соҳибистиқлолӣ дар дигар кишварҳо бо забони ноби тоҷикии хеш намоишҳои худро пешкаш мекунем.Театри ҷавонон аз соли 1971 дари худро барои мухлисонаш боз намуд ва то кунун хеле пешравиҳоро сазовор гардид.Театри давлатии ҷавонон дар тӯли 23 сол ба дастовардҳои зиёд ноил гардид. Аз ҷумла, дар Ҷумҳурии Исломии Эрон бо намоишномаи «Рустам ва Сӯҳроб» сазовори «Шоҳҷоиза» гардид. Нақши беҳтарини мардонаро Ҳунарманди мардумии тоҷик Қурбони Собир сазовор гашт. Ҳамчунин аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Русия, Қирғизистон, Қазоқистон ва дигар кишварҳо ҷоизаҳои ифтихории намоишномаҳои театриро низ сазовор гардидем. -Ба андешаи Шумо театри тоҷик аз театрҳои дигар кишварҳо бо чӣ фарқ мекунад?-Фарқи асосии театри тоҷик дар он аст, ки вақте ҳунармандони мо рӯи саҳна мебароянд, хеле самимианд, ин ҳам дарки он аст, ки ҳар як ҳунарманди тоҷик, ки рӯи саҳна ворид мешавад, бо тамоми ҳастӣ, бо тамоми вуҷуд нақш меофарад.-Таваҷҷуҳи мардум нисбат ба солҳои қаблӣ ба театр чӣ гуна аст? -Таваҷҷуҳи мардум нисбат ба солҳои қаблӣ ба театр зиёд аст. Имрӯз алалхусус ҷавонон бештар талош доранд, ки ба театр омада, барои худ ғизои маънавӣ гиранд. Барои ин мо ҳунармандон ҳамеша кӯшиш менамоем, то нақшҳои нав ба нав офарида, дили ҳаводоронро шод гардонем. -Ҳангоми ба саҳна гузоштани намоишномаҳо шумо бештар ба кадом ҷанбаи он аҳамият медиҳед?-Ҳангоми ба саҳна гузоштани намоишномаҳо ман ҳамчун ҳунарманд бештар ба кори коргардон ва асар аҳамият медиҳам. Асарҳо ахлоқӣ, психологӣ, фоҷиавӣ ва мазҳакавӣ мешаванд. Дар тӯли солҳои зиёде, ки ман рӯи саҳнаи театр ҳунарнамоӣ мекунам, бештар дар фоҷеа нақш офаридаам ва мехоҳам худро ҳамчун ҳунарманд дар мазҳака бубинам, зеро тамошобинон маро дар саҳнаҳо бештар дар нақши модар ва зани ҷабрдида мебинанд.-Ҳунару истеъдоди шумо аз ҷониби Сарвари Давлат қадрдонӣ гардид ва низ чанде қабл дар озмуни «Ҷило» соҳиби ҷоиза гардидед. Дар ин маврид чӣ гуфтаниед?-Боиси ифтихор ва хушнудии мост, ки ҳунари мо ҳунармандон қадрдонӣ мегардад ва заҳмату талошҳои мо ноаён намемонанд. Ман хеле ифтихор дорам, хеле хушҳол ҳастам, ки Сарвари Давлат маро бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мушарраф гардонид. Вақте ки маро дар озмуни «Ҷило-2014» сазовори Ҷоизаи «Беҳтарин ҳунарманди сол миёни занон» эълон намуданд, ман худ дар ҳаяҷон будам, ҳатто бовар надоштам, ки ҳунару истеъдоди ман бо чунин ҷоиза қадрдонӣ мешавад. Ин ҷоиза на танҳо аз ман, балки аз тамоми ҳунармандони тоҷик аст. Боиси ифтихор ва сарфарозии ҳамаи ҳунармандон аст, ки санъати театр имрӯзҳо қадрдонӣ мешавад. -Шумо ба ҷуз саҳнаи театр дар филмҳо низ нақш офаридаед, оё бо ҳам тавъам додани ин ду соҳа бароятон мушкил нест ва ё гуфтаниед, ки ин тамоман кори дигар аст?-Барои ҳунарманд ҳам дар саҳнаи театр ва ҳам дар филмҳо нақш офаридан хеле мушкил аст, зеро театр аз филм фарқи бузург дорад. Дар театр бо тамошобин рӯ ба рӯ ҳастем, нигоҳи ӯро мебинем, вале дар филм низ душвор аст, чунки вақти ба навор гирифтан ҳар як имову ишора бояд сохта набошад, зинда бошад. Ҳар як ҳунарманд дар вақти банаворгирии филм бояд самимӣ сухан гӯяд, тавре рафтор кунад, ки худ дар муҳити ҳамон нақше, ки меофарад, дода шавад, то тамошобин ба ӯ бовар кунад.На ҳар як нақше, ки ман меофарам, осон аст, он хеле заҳмати зиёдеро талаб мекунад, вале ман бо кумаки дӯстон ва коргардонҳое, ки бо онҳо кор мекунам, онҳоро иҷро мекунам. -Дар ояндаи наздик барои мухлисон чӣ армуғоне доред, дар кадом филми тоза нақш офаридед? -Аллакай дар се филми ҷолиб нақш офаридаам, ки ба наздикӣ рӯи экран мебароянд. Яке аз ин филмҳо мазҳака аст. Рӯзи 7-уми ноябр дар Театри ҷавонон асари наве, ки дар он нақши модарро бозидаам, бо номи «Иштибоҳ» дар таҳияи коргардон Нозим Меликов ба намоиш гузошта мешавад. -Таманниёти шумо вобаста ба Рӯзи театри тоҷик.-Ман тамоми ҳунармандон, алалхусус бузургони театри тоҷикро бо иди касбӣ табрик менамоям ва орзу дорам, ки ҳамеша дар бари мо бошанд, ба ҳар як ҳунарманд дар таҳияи асарҳо ва нақшҳои нав ба нав барору комёбиҳо таманно дорам. Бигзор ҳамеша хушҳол ва сарбаланд бошанд.Ёдрас мешавем, ки Моҳпайкар Ёрова хатмкардаи Институти театрии Маскав ба номи М.С. Шепкин (соли 1991) мебошад. Ӯ солҳои зиёд дар Театри ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ба ҳайси ҳунарманд фаъолият дорад. Дар тӯли солҳои зиёди фаъолияти хеш дар саҳнаи театр ҳамчунин дар филмҳо низ нақш офаридааст. Аз ҷумла, дар филмҳои коргардон Саидҷон Қодирӣ «Убури сангин», «Дар орзуи падар»-қисми се, «Баҳори як кӯча», филми Муҳиддин Ҷӯраев «Ормонҳо», Абдулҳай Зокиров «Хокпайванд», «Орзуи рассом», ҳамчунин дар ду филми истеҳсоли синамогарони Русия низ нақш офаридааст.

Ноябрь 5, 2014 12:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Шаҳбози Аброр раиси нави Ҳизби демократи Тоҷикистон интихоб гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар «Тоҷикаэронавигатсия» роҳҳои таҳкими волоияти қонун ва маърифати ҳуқуқӣ баррасӣ гардиданд
Ҷаласаи Шурои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
СУРАТГУЗОРИШ. Дар Душанбе доир ба мушкилоти мубориза бо ҷинояткорӣ конфронси байналмилалӣ доир шуд
Профессорони Донишгоҳи нассоҷии Вуҳан барои мутахассисони соҳаи нассоҷии Тоҷикистон даври омӯзишӣ мегузаронанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ПЕШГӮИИ ОБУҲАВОШИНОСОН. Моҳи май ҳаво гарм ва сербориш мешавад
НАМУНАИ ВАТАНДӮСТӢ. Дар ҳама ҳолат бояд манфиатҳои миллат ва Ватанамонро ҳимоят карда тавонем
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳрҳои Исфара ва Конибодом ба иштирокчиёни ҷанги солҳои 1941-1945 кумакпулии яквақта расонида шуд