Мулоқоти Низомиддин Зоҳидӣ бо Алиризо Рашидиён
Душанбе, 12.11.2014 (АМИТ «Ховар»).- 11 ноябри соли 2014 мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо раиси вилояти Хуросони Разавии Ҷумҳурии Исломии Эрон Алиризо Рашидиён ва ҳайати ҳамроҳи ӯ баргузор гардид.Дар ҷараёни мулоқот масоили густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, саноатӣ ва илмию фарҳангии вилояти Хуросони Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷонибҳо баргузории Намоишгоҳи байналхалқии саноатии Ҷумҳурии Исломии Эронро дар Душанбе аз 12 то 15 ноябри соли ҷорӣ ҳамчун омили муҳими таҳкиму тавсеаи робитаҳои гуногунҷабҳаи кишварҳои Тоҷикистону Эрон арзёбӣ намуданд.Алиризо Рашидиён алоқамандии зиёди бахши хусусӣ ва марказҳои илмию саноатии вилояти Хуросонро ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои муштараки Тоҷикистону Эрон дар соҳаҳои истихроҷи маъданҳо, сохтмон, интиқоли борҳо, таҳвили фанновариҳои навин ва дигар бахшҳои мутақобилан судманд таъкид кард.Дар мулоқот ҳамчунин дар атрофи дигар масоили ҳамкориҳои дуҷониба табодули назар сурат гирифт.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






