Панҷакент: Муассисаҳои тиббӣ ба зимистон омодаанд
Панҷакент, 24.11.2014. (АМИТ «Ховар», Гулбаҳори Худойбердӣ).- Тавре ки менеҷери сохтори госпитали шаҳри Панҷакент Маҳмадмурод Сафаров ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, ҷиҳати омодагӣ ба зимистонгузаронии солҳои 2014-15 ҳамаи муассисаҳои тиббии дохили шаҳри Панҷакент, беморхонаҳои минтақавии ҷамоатҳои байни ноҳияҳо бо хатти озоди барқ таъминанд. Дар беморхонаи маркази шаҳр генератори барқдиҳанда бо иқтидори 60 киловатт, дар таваллудхонаи марказӣ бо иқтидори 32 киловатт омода шудааст.
Ғайр аз ин барои эҳтиёҷоти муассисаҳои соҳа 300 тонна ангиштсанг ва 322 мукааб метр ҳезум захира шудааст. Дар муассиса 216 адад бухорӣ мавҷуд буда, он дар мавсими сармо мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






