Рушди чорводорӣ дар Ҳамадонӣ
Ҳамадонӣ, 12.11.2014. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Дар ноҳияи ба номи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ 78 кооперативи истеҳсолӣ ва хоҷагии инфиродию хурди деҳқонӣ ба парвариши ҳайвони калони шохдор, моли майда ва асппарварӣ машғул аст. Бино бар иттилои раёсати кишоварзии ноҳия саршумори чорво дар давоми чор соли охир рӯ ба афзоиш дорад. Дар ноҳияи мазкур хоҷагидорон барои бо муваффақият пушти сар намудани зимистони солҳои 2014-2015 омодагии ҷиддӣ дидаанд. Кооперативи истеҳсолии «Гулбоғ» аз зумраи он хоҷагиҳое мебошад, ки саршумори чорворо се баробар зиёд намуда, музди меҳнати саҳмдорон ва андозҳои давлатиро сари вақт месупорад.Гарчанде дар ноҳияи мазкур хоҷагии зотпарварӣ вуҷуд надорад, роҳбари хоҷагӣ бо аъзояш беҳтарин зоти гӯсфанди ба шароити иқлими минтақа тобоварро афзоиш медиҳанд. Дар кооперативи истеҳсолии «Гулбоғ» парвариши чорвои калони шохдорро низ ба роҳ мондаанд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






