Ш. Салимзода: «Конститутсия пойдевори устувор ва шоҳсутуни бинои давлатдорист»

Ноябрь 5, 2014 17:24

Душанбе, 05.11.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерхон Салимзода дар конфронси илмӣ-назариявӣ бахшида ба 20-умин солгарди Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Нақши Конститутсия дар эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд» суханронӣ намуд. Дар робита ба ин, мухбири АМИТ «Ховар» бо Прокурори генелалии кишвар Ш. Салимзода мусоҳибае анҷом дод, ки фушурдаи онро пешкаш менамоем. 
-Муҳтарам Шерхон Салимзода, мехостем нахуст мафҳуми Конститутсия, аҳамияти муҳимияти он ва таърихи пайдоишашро шарҳ медодед?Дар таълифоти илми ҳуқуқшиносӣ зери мафҳуми Конститутсия одатан қонуни асосии қувваи олии ҳуқуқидошта фаҳмида мешавад. Чун истилоҳи Конститутсия ҳанӯз дар Рими қадим маълум буд, ин санади муҳими сиёсиро метавон ҳамчун ҳуҷҷати ҳуқуқии таърихӣ муаррифӣ намуд.Инсон аз замони шурӯи фаъолиятҳои худ давра ба давра барои рушду нумӯи давлатдорӣ санадҳои зиёдеро таълиф намудааст, ки онҳо муаррификунандаи мавҷудияти халқу миллатҳо дар як давраи муайяни таърихӣ буда, аз тарзи зиндагӣ, сатҳи тафаккур, фарҳанги сиёсиву ҳуқуқӣ ва маънавии онҳо шаҳодат медод. Имрӯз бо ифтихор метавон гуфт, ки дар замони ҳукмронии фарзанди фарзонаи миллати форс Куруши Кабир аввалин Эъломияи ҳуқуқи башар, ки таърихи зиёда аз дувуним ҳазорсола дорад қабул шудааст.Дар асл бошад, ҳамагон огоҳ ҳастем, ки Конститутсия ҳамчун қонуни асосӣ дар шаклу мазмуни ғояҳои имрӯза дусад сол боз арзи вуҷуд дошта, аввалин маротиба дар таърихи тамаддуни башарӣ дар Амрико қабул гардидааст.Дар таърихи давлатдории навини миллати тоҷик бори нахуст 6-уми ноябри соли 1994 Конститутсия (Сарқонун)-и давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба сифати қонуни олии кишвар ба тариқи раъйпурсӣ аз ҷониби халқ қабул шуд. Ин санади муқаддасу сарнавиштсоз, ифодагари азму иродаи мардум буда, роҳи минбаъдаи рушду такомули ҷомеаи моро муайян намуда, маҳз бо шарофати андешаву ҳуввияти миллӣ ва ҷасорату матонати сиёсии мардум дорои маърифати баланди ҳуқукӣ дошта, барои устувории пояҳои давлати мустақил қабул гардид. Зеро ҳама хуб дарк мекарданд, ки танҳо бо қабули Конститутсияи нав ҳимояи заминаҳои истиқлол ва муаррифии расмии Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил дар арсаи байналмилалӣ устувор мегардад».Конститутсия заминаҳои қонунии пешрафти ҷомеаро муайян намуда, барои қабули қонунҳои нав ва ба танзим даровардани муносибатҳои ҷамъиятии мухталиф асосҳои ҳуқуқӣ фароҳам овард. Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки таҳти роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияти душвори сиёсии солҳои навадуми қарни сипаригардида, қабул гардид. Ин санад воқеаи нодиру фараҳбахши сиёсӣ дар таърихи миллати мо маҳсуб ёфта, барои эъмори давлати демократию ҳуқуқбунёд, ташкили сохтори нави ҳокимияти давлатӣ, муайян намудани ҳадафҳо ва самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат ва мустаҳкам намудани пойдевори андешаҳои солими давлатдории миллӣ дар афкори ҷомеа нақши босазо бозид.Бо қабули Конститутсия халқи Тоҷикистон ба ҷомеаи башарӣ эълон намуд, ки ҷонибдори эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд буда, баҳри ҳифзи дастовардҳо ва камолоти он тамоми кӯшишҳоро ба харҷ дода, таъмин, ҳимоя ва такмили манфиатҳои миллии хешро ҳадафи аслии худ қарор дода, метавонад дар ҳама ҳолат ин арзишҳоро ҳифз кунад. Равандҳои рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ оид ба ноил гардидани ҷомеа ба пешрафту тараққиёт гувоҳӣ медиҳанд, ки таъмин намудани волоияти қонуну риояи ҳатмии Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда нишонаи давлати ҳуқуқбунёд маҳсуб меёбад, агар дар он ташаккули муҳимтарин принсипҳои демократияи муосир дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор дода шавад.-Аз нигоҳи Шумо сарчашмаҳои меҳварии қонуни асосии кишвар кадомҳоянд?Сарчашмаҳои меҳварии қонуни асосии кишвар ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро мавриди баҳрабардорӣ пешниҳод намудааст, ки аввалин маротиба дар таърихи таълифи қонунэҷодкунии давлат ҳуқуқу озодиҳои инсонро ҳамчун арзиши олӣ ва заволнопазир эътироф кардааст ва ин ифода қурбу манзалати инсонро дар ҷомеа боз ҳам барҷаста таҷҷасум менамояд, ки бо ин Тоҷикистон дар бунёди ҷомеаи демократӣ ва давлати иҷтимоӣ устуворона заминаҳои боэътимодро гузошта истодааст.Барои ин ба мо зарур аст, ки танҳо дар чорчӯбаи Конститутсия ва қонун зиндагӣ карда, барои амалишавии ҳадафҳои стратегии давлат пайваста кӯшиш намоем ва насли наврасро дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ва эҳтирому риояи қонун ба воя расонем.Конститутсия ҳамчун санади муҳими сиёсӣ ба амалӣ намудани марому мақсадҳои дар он гузоштаи миллати куҳанбунёдамон, барои бунёди давлати муосире, ки ҷавҳар ва асли онро низоми демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ ташкил дода, дар он инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф шудаанд, заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ гузошт.Раванди фаъолияти 23 солаи соҳибистиқлолии миллати тоҷик бо сарварии Президенти кишвар Э. Раҳмон тақозогари бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёд буда, бо шарофити сиёсати хирадмандонаи ин абармарди асил ҳуқуқу озодиҳои инсон мавқеи баландро ишғол намудааст. Дар суханрониҳои худ Сарвари Давлат пайваста кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ҳушдор медиҳад, ки дар ҷараёни тафтишу ба амалбарории адолати судӣ ҳуқуқу озодиҳои инсон қатъӣ риоя карда шавнд.Конститутсия дар баробари таҳияи заминаҳои бунёдии раванди демократикунонии ҷомеа, асосҳои устувори шаклгирии ҷомеаи шаҳрвандиро низ гузошта, мисли як пойдевори устувор ва шоҳсутуни бинои давлатдорӣ тайи ин солҳо кафолати инкишофи озодонаи ҳар шахсро танзим мекунад. Дар ин замина, муҳимтарин ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро ба монанди озодии сухан, гуногунандешӣ, ошкорбаёнӣ, матбуоти озод, дастрасӣ ба ҳама гуна иттилооти барои шахс зарур, озодии ҳаракат ва иродаро ҳамчун заминаи бунёдии ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ дарбар гирифтааст.Нақши Сарқонун дар рушди Тоҷикистон ва нуфузи он дар арсаи байналмилалӣ то чӣ андоза аст?Мусаллам аст, ки сарнавишти муосири халқи тоҷик, ибтидои давлатсозиву давлатдории навин, пешрафту рушди Тоҷикистони азиз ва боло гардидани мақоми он дар арсаи ҷаҳонӣ аз арзишҳои волои ин ҳуҷҷати муқаддас сарчашма мегирад.Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати тақдирсоз аз сарнавишти таърихи навини тоҷикон дарак дода, гузариш аз ҷомеаи собиқи сотсиолистӣ ба давлати ҳуқуқбунёди иҷтимоӣ ва ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангиро эҳдо намуд. Ҳамагон огоҳ ҳастем, ки қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давраи эълон ва тақвияти соҳибистиқ¬лолии давлати навини тоҷикон рост омад. Ин марҳила қабули чунин Конститутсияро тақозо мекард, ки тавонад музаффариятҳои истиқлолияти давлатиро ҳимоя намуда, заминаҳои ҳуқуқии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро муаррифӣ намояд. Таҳия, муҳокима ва қабули Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон баъди Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар пойдории сулҳу суботи комил ва устувор гардидани ҳокимияти конститутсионӣ дар кишвар нақши босазо гузошта, аз он саҳифаи нав дар таърихи давлатдории милати тоҷик оғоз мешавад, сурат гирифта буд. Гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Конститутсияи нав таҳти сарварии Раиси ҳамонвақтаи Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон бо дарки вазифаи таърихӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия намуд. Ба вазъи мураккаби ҷомеа нигоҳ накарда, аъзои гурӯҳи корӣ тамоми кӯшишро ба харҷ доданд, ки Сарқонуни нав азму иродаи халқи Тоҷикистонро дар бахши эъмори давлати ҳуқуқбунёд ва демократию соҳибихтиёр дар худ инъикос намояд. Дар ҳамон вазъияти душвортарин ва фоҷиаовар, ки тақдири минбаъдаи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ҳал мешуд, ба мақсади таъмин намудани адолати иҷтимоӣ ва ифодаи иродаи мароми халқ лоиҳаи Конститутсия ба муҳокимаи умумихалқӣ бароварда шуд. Ҳол он ки дар таҷрибаи бештари давлатҳои мутамаддини дунё Конститутсия аз ҷониби Парламент қабул мешавад. Дар мавриди муҳокимаи умумихалқии лоиҳаи Конститутсия беш аз 8 ҳазор таклиф ворид гардид, ки дар такмил додани лоиҳа ба ҳисоб гирифта шуданд.Тоҷикистон дар қатори аввалин давлатҳо Конститутсияи худро аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намуд. Ин роҳи демократии қабули Конститутсия ба ҳисоб рафта, барои барпо намудани давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд асос гузошт. Ташаббускори ин иқдоми нек Сарвари давлат, он вақт Раиси комиссияи таҳияи лоиҳаи Конститутсия Эмомалӣ Раҳмон буд.Таҷриба ва таърихи 20 солаи амали Конститутсия нишон дод, ки ин роҳи аз ҳама дуруст ва аз ҳар ҷиҳат асосноки қабули Конститутсия ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба он мебошад. Чунки ин роҳ роҳи мураккаб ва истиснокунандаи амалӣ гардидани ғаразҳои гуруҳӣ ва шахсӣ мебошад. Он ба устуворӣ ва пояндагии меъёрҳои Конститутсия мусоидат менамояд. Ин омил кафолати Конститутсионии мустаҳкамӣ ва устувории ҷомеъа, сулҳу субот, амният ва бехатарии давлату ҷомеъа мебошад.Мо хуб медонем, ки танҳо дар як соли 1992 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 маротиба тағйиру иловаҳо ворид шуда буд, ки он яке аз сабабҳои асосии ноором гардидани вазъи ҷамъиятӣ-сиёсӣ гардид. Он замон ҳар як ҳизб, гурӯҳ ва ё шахсияти алоҳидае бо мақсади амалӣ намудани ғаразҳои гуруҳӣ ё шахсии худ ба осонӣ метавонист ба Конститутсия тағйирот ворид намояд.Ҳамин тариқ, Конститутсия роҳи демократӣ ва мураккаби қабули қонунҳоро низ муайян намудааст, ки он аз 6 зина иборат мебошад: 1.Таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи Қонун аз ҷониби субъекти ташаббуси қонунгузорӣ; 2. баррасӣ ва муҳокимаи лоиҳаи Қонун дар Кумитаҳо ва Комиссияҳои Маҷлиси намояндагон;3. баррасӣ ва қабули Қонун аз ҷониби Маҷлиси намояндагон;4. баррасӣ ва ҷонибдорӣ кардани Қонун аз ҷониби Маҷлиси миллӣ;5. имзои Қонун аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;6. нашри қонун дар матбуоти расмӣ.Дар Конститутсия асосҳои бунёдии давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, инчунин ҷомеъаи шаҳрвандӣ инъикоси худро ёфтааст. Аз ҷумла: 1. -арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва бевосита амалӣ шудани онҳо.(моддаҳои 5 ва 14. Онҳо (ҳуқуқу озодиҳо) мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, маҳаллӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллиро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд).Қонунҳо дар бораи авф, дар 20 сол 14 санади авф қабул шудааст.2. -фароҳам овардани шароит барои инкишофи шахсияти озод (м.1)Дар бораи ҳуқуқ озодиҳо ва ӯхдадориҳо сухан гуфта бояд як чизро таъкид сохт. Шаҳрвандон набояд ҳуқуқу озодиҳои дар Конститутсия пешбинишударо ҳамчун як меъёри беандоза, бесарҳад буда қабул кунанд. Ҳар як озодӣ ҳаду ҳудуд ва меъёри худро дорад ва ин ҳад тибқи Конститутсия бо роҳи ҳуқуқӣ дар ҳолатҳои дар қонунгузорӣ пешбинишуда маҳдуд карда мешавад.3. -волоияти қонун (м.10: Давлат, ҳамаи мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд Конститутсия ва Қонунҳои ҷумҳуриро риоя ва иҷро намоянд).Ҳама гуна кӯшиши поймол намудани меъёрҳои Конститутсия таҳдид ба амнияти ҷомеа, давлат, шаҳрвандон ва ваҳдати миллӣ мебошад. Аз ин хотир, эҳтиром, риоя ва иҷрои бемайлони Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи аввалиндараҷаи ҳамаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва ҳар як шаҳрванди баномуси Тоҷикистон маҳсуб мешавад.4. -таҷзияи ҳокимият ба се шоха (моддаи 9: Ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад).5. -тамоми муносибатҳои ҷамъиятӣ аз тариқи Қонунҳо бояд ба танзим дароварда шавад;Дар ҳамин асос ва бинобар он, ки яке аз роҳҳои таъмини муттаҳидии иҷтимоии аҳолӣ мавҷудияти қонун ва риояи он мебошад, дар асоси Конститутсия як зумра қонунҳои муҳим, аз қабилӣ қонунҳои конститутсионӣ дар бораи Маҷлиси Олӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳо, прокуратура, шаҳрвандӣ, раъйпурсӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, Кодексҳои ҷиноятӣ, иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, гражданӣ ва амсоли ин қонунҳо қабул гардидаанд, ки ба танзими муносибатҳои муҳими ҷамъиятӣ равона гардида, тартиби ташкил ва фаъолияти мақомоти давлатиро муайян менамоянд. Тазакур бояд дод, ки аз давраи ба даст овардани истиқлолият то ин дам мунтазам ҷиҳати мутобиқсозии қонунгузориҳои гуногун ба стандартҳои байналмилалӣ, такмили принсипи инсондӯстӣ дар меъёрҳои он корҳои зиёде ба анҷом расонида шуда истодааст. Айни замон лоиҳаи нави Кодекси ҷиноятӣ таҳия ва мавриди баррасӣ қарор дорад, ки ин боз як иқдоме дар самти мутобиқсозии меъёрҳои он ба стандартҳои байналмилалӣ мебошад.6. -на танҳо шаҳрвандон барои содир кардани қонуншиканӣ дар назди Қонун ва давлат ҷавобгаранд, балки давлат низ дар назди шаҳрванд барои амали ғайриқонунии мақомоти давлат ва шахсони мансабдори онҳо ҷавобгар аст.7. -давлат ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат медиҳад (м.12).Ин якчанд нишонаҳо ва хусусиятҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва ҷомеъаи шаҳрвандӣ мебошанд, ки дар Конститутсия инъикоси худро ёфтаанд.Меҳвари Конститутсияро ҳуқуқу озодиҳои инсон ташкил медиҳад. Аз 100 моддаи он 36-тояш бевосита ба ҳуқуқу озодиҳои инсон бахшида шудааст. Дар 16 маврид меъёрҳои Конститутсия бо роҳи манъ кардан ва ё муқаррар намудани дахлнопазирӣ, риоя, амалишавӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсонро кафолат медиҳанд. Аз ҷумла:- ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд; (маратория ба татбиқи ҷазои қатл аз соли 2004)- таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд, манъ аст; (м.8)- ҳеҷ як шаҳрванди ҷумҳуриро ба давлати хориҷӣ супоридан мумкин нест. (м.16);- дахлнопазирии шахсро давлат кафолат медиҳад. Ҳеҷ кас аз ҳаёт маҳрум карда намешавад. Ба ҳеҷ кас шиканҷа, ҷазо ва муносибати ғайриинсонӣ раво дида намешавад; (м.18)- манзили шахс дахлнопазир аст; (м.22)- молу мулки шахсро барои эҳтиёҷоти ҷамъият фақат дар асоси қонун ва розигии соҳиби он бо пардохти арзиши пуррааш давлат гирифта метавонад; (м.32)- ҷамъ намудан, нигоҳ доштан, истифода ва паҳн кардани маълумот дар бораи ҳаёти шахсии инсон манъ аст. (м.23)-Конститутсияи моро дар арсаи байналмилалӣ дар кадом сатҳ эътироф менамоянд?Бо ин меъёрҳо ва дастовардҳояш Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ташкилотҳои байналмиллалӣ ва коршиносии хориҷӣ баҳои баланд гирифта, ҷавобгуи талаботҳои ҷомеъаи демократӣ эътироф гардидааст.Аҳамияти таърихии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз ҳама дар он аст, ки он чун ҳуҷҷати сиёсӣ дар баробари таъмини пойдории ҳокимияти конститутсионӣ барои таъсиси заминаи ҳуқуқии ташкили низоми нави мақомоти идоракунии давлатӣ замина гузошта, дар асоси он ислоҳоти ҳуқуқӣ бо маром амалӣ гардид. Пас аз қабули Конститусия дар кишвар дар асоси ислоҳоти ҳуқуқӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиёде, ки ҳадафи онҳо мустаҳкам намудани рукнҳои давлатдорӣ ва танзими ҳуқуқии паҳлуҳои гуногуни ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар мебошанд, қабул гардида, такмил дода шуданд.Зеро таърих гувоҳ аст, ки дар ҳар давру замон пешрафти ҳаёти ҷомеа талаботи нав ба навро пеш мегузорад, ки он ҳалли худро талаб мекунад. Илова бар ин, равандҳои нави инкишофи ҷомеаи ҷаҳон, ба хусус ҷаҳонишавӣ, зарурати мутобиқ намудани ислоҳоти ҷомеаи моро ба талаботи нави ҷаҳонӣ тақозо менамояд. Дар ин робита бо тақозои замону рушди ҷомеа ба Конститутсия ду маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд, ки барои пойдору устувор гардидани сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, оғози раванди татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум шароити мусоид фароҳам оваранд. Яке аз натиҷаҳои хуби ислоҳоти конститутсионӣ таъсиси парламенти касбии доимоамалкунанда мебошад, ки барои такмили низоми қонунгузории миллӣ аҳамияти муҳим дошта, ҷавобгӯ ба манфиатҳои миллӣ ва ҷомеа буда, заминаи мустаҳками ҳуқуқии инкишофи устувори иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва сиёсиву фарҳангии кишварро таъмин намуд. Тарзҳои истеҳсолот, ки таърихан дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон ҳар гуна ранг гирифтаанд, дар сохти давлатию иҷтимои изи худро гузошта, ба ташакули ниҳодҳои давлатии барои ин кишварҳо хос, бо асосҳои додани бартарӣ ба ин ё он шакли ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд мусоидат намуданд. Зулму истибдод ва беҳуқуқии бардавоми асрҳои миёна ва қадим дар кишварҳои шарқӣ, руҳияи камфаъолиятӣ, осебпазирӣ ва муросокории шаҳрвандонро ба беадолатию поймолшавии ҳуқуқӯ манфиатҳои онҳо оварда расонид, ки барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои хеш мардум хеле кам талош менамуданд. Дар чунин шароит бештар дастгоҳ ё механизми худфаъоле мувофиқ меояд, ки вайронкуниҳои қонун ва ҳуқуқӯ манфиатҳои шаҳрвандон ташаббускорона ошкор ва бартараф карда шавад.-Мақоми Прокуратура дар таъмини волоияти қонун дар кадом сатҳ аст? Бояд зикр намуд, ки Прокуратураи марказонидашуда ва бисёрсоҳа, ки вазифаи он қабл аз ҳама назорати иҷрои қонунҳо мебошад, маҳз ба сифати чунин дастгоҳ ё олот, рӯӣ кор омада, то имрӯз фаъолият мекунад. Прокуратураи бисёрсоҳа дар ҳеҷ сурат рақиби ҳокимияти судӣ набуда, ваколатҳои онро такрор намекунад.Ҳар як кишвар бояд марҳилаи душвори ҷустуҷӯи шакли барои он мувофиқро интихоб намояд.Мо бар онем, ки прокуратура ҷузъи ин ё он шохаи ҳокимият ё шохаи алоҳидаи он набуда, маҳз механизми боздошт ва мувозинат байни ҳокимияти иҷроия ва ҳокимияти судӣ мебошад. Дар ҳамин радиф ба зиммаи мақомоти Прокуратура, ки дар низоми идоракунии давлатӣ яке аз рукнҳои асосӣ ба шумор меравад, дар сатҳи Конститутсияи кишвар вазифаи муҳим, назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар қаламрави Тоҷикистон вогузор шудааст, ки он пеш аз ҳама баҳри ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳимояи манфиатҳои давлат ва ташкилоту муассисаҳо равона гардидааст. Маврид ба зикр аст, ки мақомоти прокуратура новобаста аз вазъи душвори солҳои аввали ба даст овардани истиқлолият дар мустаҳкам намудани қонунияту тартибот, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва ба эътидол овардани вазъи ҷамъиятию сиёсии ҷумҳурӣ саҳми арзанда гузошт.Барои бе мамониат ба амал баровардани ваколатҳои мақомоти прокуратура имрӯз тамоми заминаҳои моддиву ҳуқуқӣ мавҷуд буда, аз ҷониби ин мақомот ҷиҳати риояи Конститутсия ва қонунҳо аз тарафи ҳамаи субъектони ҳуқуқ ва ҳамчунин пешгирӣ ва сари вақт ошкор намудани қонунвайронкуниҳо тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд.Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарофати Конститутсия симои ҷадиди таърихии худро кашф намуда, роҳи бебозгашти барпо намудани давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, соҳибистиқлол, ягона ва иҷтимоӣ, ояндаи дурахшони хешро муайян намуд. Дар Конститутсияи амалкунандаи кишвар диалектикаи замон, раванди демократия ва ғояҳои давлати ҳуқуқбунёд дар солҳои оянда таҷассум ёфтааст.Бигузор, Конститутсияи давлати демократии мо ҳамеша қутбнамо ва ифодагари манфиатҳои волои миллати таърихӣ, манбаи асосии ҳуқуқии ҳокимияти давлатӣ, пешбарандаи ғояву арзишҳои миллии халқи тамаддунсози тоҷик ва ҳифзкунандаи ормони чандинасраи ниёгонамон бошад.  

Ноябрь 5, 2014 17:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Шаҳбози Аброр раиси нави Ҳизби демократи Тоҷикистон интихоб гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар «Тоҷикаэронавигатсия» роҳҳои таҳкими волоияти қонун ва маърифати ҳуқуқӣ баррасӣ гардиданд
Ҷаласаи Шурои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
СУРАТГУЗОРИШ. Дар Душанбе доир ба мушкилоти мубориза бо ҷинояткорӣ конфронси байналмилалӣ доир шуд
Профессорони Донишгоҳи нассоҷии Вуҳан барои мутахассисони соҳаи нассоҷии Тоҷикистон даври омӯзишӣ мегузаронанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ПЕШГӮИИ ОБУҲАВОШИНОСОН. Моҳи май ҳаво гарм ва сербориш мешавад
НАМУНАИ ВАТАНДӮСТӢ. Дар ҳама ҳолат бояд манфиатҳои миллат ва Ватанамонро ҳимоят карда тавонем
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳрҳои Исфара ва Конибодом ба иштирокчиёни ҷанги солҳои 1941-1945 кумакпулии яквақта расонида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад