Ёвон: истеҳсоли 750 ҳазор ҷуфт ҷӯроб дар як моҳ

Ноябрь 12, 2014 10:33

Душанбе, 12.11.2014 (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр).-Дар доираи сафари кории Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ёвон фабрикаи истеҳсоли либосҳои бачагона ва ҷӯроббофӣ ба истифода дода шуд. Фабрикаи мазкур бо маблағи 14 млн. 683, 6 ҳазор сомонӣ барои 200 ҷои корӣ бунёд гардид. Иқтидори лоиҳавии истеҳсоли фабрика 30 ҳазор донна либос ва 750 ҳазор ҷуфт ҷӯроб дар як моҳ мебошад. 80 фоизи ҷӯробҳои ин корхона барои содирот ба хориҷи кишвар пешбинӣ шудааст.

Ноябрь 12, 2014 10:33

Хабарҳои дигари ин бахш