Қадрдонии шоир ва мутарҷим дар ДДОТ
Душанбе, 3.12.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ 1 декабр мулоқоти шоири рус, мутарҷим ва барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Михаил Синелников доир гардид, ки дар он вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, Президенти Академияи илмҳо Фарҳод Раҳимӣ, шоирони маъруф Бозор Собир, Меҳмон Бахтӣ, Гулназар Келдӣ, Саидалӣ Маъмур, Камол Насрулло ва дигар адибони шинохта ширкат варзиданд.Тавре ки котиби матбуоти донишгоҳ Бахтиёри Абдураҳим иттилоъ дод, ректори донишгоҳ Абдуҷаббор Раҳмонов аз хизматҳои Михаил Синелников дар тарҷумаи ашъори шоирони тоҷик сухан гуфта, иброз дошт, ки саҳми Синелников дар тарҷумаи осори Рӯдакӣ, Низомӣ, Румӣ, Саъдӣ, Ҳофиз хеле бузург аст. Ректор махсус тазаккур дод, ки мавсуф на танҳо осори шуарои классик, балки ашъори шоирони муосирро низ бо бо тамоми нозукиҳояшон тарҷума ва пешкаши хонандагон кардааст. А.Раҳмонов аз зиндагинома ва фаъолияти эҷодии мутарҷим ёдовар гардида, зикр намуд, ки боиси хушҳолӣ ва шоистаи ифтихор аст, ки имсол Михаил Синелников бо Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ қадрдонӣ шуд.Шоирон Бозор Собир ва Гулназар Келдӣ нақши Михаил Синелниковро дар адабиёти тоҷик бузург арзёбӣ намуданд. Ба андешаи онҳо, мавсуф метавонист, ки ашъори шоирони олмонӣ ва амрикоиро ба осонӣ тарҷума намояд, вале ӯ шуарои Шарқро интихоб кард. Михаил Синелников ашъори Рӯдакӣ, Ҳофиз ва дигар шоиронро бо забони русӣ қироат намуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






