Рушди ҳамкориҳои корхонаҳои Тоҷикистон ва Туркия
Душанбе, 2.12.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Аз 25 то 29 ноябри соли 2014 дар шаҳри Истанбули Ҷумҳурии Туркия Намоишгоҳи байналмилалии соҳибкорони мустақил таҳти роҳбарии Конфедератсияи Дафтари соҳибкорони мустақили Туркия (MUSIAD) баргузор гардид, ки дар он намояндагони беш аз 120 кишвари ҷаҳон ширкат варзиданд.
Бо ташаббуси Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Истанбул ва дастгирии Шӯрои ҳамоҳангсозии соҳибкорони Тоҷикистону Туркия дар намоишгоҳи мазкур гӯшаи Тоҷикистон омода шуда, дар он ширкату корхонаҳои кишварамон маҳсулоти худро пешкаши тамошобинон намуданд.
Дар доираи ин чорабинӣ вохӯрии вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода бо раиси Шӯрои робитаҳои иқтисодии хориҷии Туркия (DEIK) Умер Ҷиҳад Вардан ва раиси Дафтари соҳибкорони мустақили Ҷумҳурии Туркия Нейл Олпак баргузор гардид.
Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар соҳаи иқтисодиёт баррасӣ гардида, ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷӣ ва рушди ҳамкории минбаъда байни ширкату корхонаҳои Тоҷикистон ва Туркия табодули назар намуданд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






