249 ҳолати тақсимоти нодурусти замин ошкор шуд
Хуҷанд, 07.01.2014. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Дар шимоли кишвар дар соли 2014 аз тарафи кормандони прокуратураи вилоятӣ дар асоси санадҳои эътиноии прокурорӣ 153 иншооти ғаӣриқонунӣ бунёдгардида вайрон карда шуда, 46,5 га қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонида шуд. Инчунин 1873 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, 773 нафар ба ҷавобгарии моддӣ ва 4887 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд.
Ин нуктаи назар зимни баргузории нишасти матбуотӣ аз тарафи прокурори вилояти Суғд Шариф Қурбонзода зикр ёфт.
Мавсуф таъкид кард, ки дар ин давра ҳолати ба 249 нафар шахси ғайриэҳтиёҷманд чудо гардидани қитъаи замин дар шахру ноҳияҳои вилоят ошкор шуд.
Ҳамчунин дар соли 2014-ум 43,4 млн. сомонӣ музди меҳнати кормандони соҳаҳои барқ, хоҷагии об, маориф ва ғайра дар асоси санадҳои прокурорӣ пардохт гардид.
Дар як вақт аз ҷониби прокурори вилоят ба 152 адад санади судӣ бинобар ғайриқонунӣ буданаш эътирозҳои кассатсионӣ ва назоратӣ оварда шуда, аз онҳо 82 адад қонеъ гардонида шуд.
Дар асоси эътирозҳои прокурорӣ дар марҳилаи кассатсионӣ ва назоратӣ 8 ҳукм бекор ва 73 ҳукм тағйир дода шуд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






