Раванди мутобиқгардонии иқтисодиёти ҷумҳурӣ ба шароити СУС
Душанбе, 29.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Мавҷуда Анварӣ).- Дирӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар нишасти матбуотӣ бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор гардид.
Вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода ва масъулини ин ниход дар ҷараёни нишасти матбуотӣ ба суолҳои хабарнигорон оид ба масъалаҳои гуногуни вазъи иқтисодию иҷтимоии кишвар посух доданд.
Дар нишасти матбуотӣ масоили мухталифи иқтисодию иҷтимоӣ, аз ҷумла, эҳтимолияти воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, нақшаи чорабиниҳо доир ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, робитаҳои иқтисодии ҷумҳурӣ бо давлатҳои аъзои СҲШ, алалхусус бо Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Федератсияи Русия, раванди мутобиқгардонии иқтисодиёти ҷумҳурӣ ба шароити СУС, тавозуни воридоту содирот, истеҳсол ва содироти алюминий, содироти барқ ва нахи пахта ва ҳаҷми сармоягузориҳои мустақим мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






