А. Зуев: «Бо Э. Раҳмон барномаи панҷсолаи ояндаро баррасӣ кардем»
Душанбе, 10.02.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шоми дирӯз намояндаи доимии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (СММ), ҳамоҳангсози фаъолияти СММ дар Тоҷикистон Александр Зуев ва роҳбарони намояндагиҳои сохторҳои ин созмон дар кишварро ба ҳузур пазируфт.
Александр Зуев аз рӯи натиҷаи мулоқот зикр намуд, ки зимни суҳбат бо Сарвари ҶТ Эмомалӣ Раҳмон барномаи панҷсолаи ояндаро мавриди баҳс қарор доданд, ки дар доираи он тамоми сохторҳои СММ метавонанд барномаҳои худро дар Тоҷикистон амалӣ кунанд. «Мо пешбинӣ мекунем, ки дар доираи ин барномаи панҷсола ниҳодҳои гуногуни СММ имкониятҳои худро васеъ карда, барномаҳои наверо роҳандозӣ менамоянд. Тахминан барномаҳои СММ ба миқдори 11 фоиз зиёд аз нишондодҳои панҷ соли гузашта зиёд мешаванд. Мо ба роҳбари давлат дар хусуси он барномаҳое, ки дар давоми солҳои 2010 — 2015 амалӣ намудем, иттилоъ додем. Аз ҷумла дар хусуси он, ки намояндагии СММ барои баланд бардоштани сифати идора ва натиҷабахшии идораи дастгоҳи ҳукумат, пойгоҳи ҳуқуқии адлия, махсусан барои коркарди зиёда аз сӣ қонуни муҳим саҳми зиёде гузоштааст. Ҳамчунин дар барномарезии ислоҳоти кишоварзӣ, барномаи миллии паст кардани сатҳи хатарҳои табиӣ ва ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо, махсусан бо Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар робита ба таҳияи барномаи рушди миёнамуҳлат низ саҳми СММ буд»,-илова намуд А. Зуев.
А.Зуев ҳамчунин хабар дод, ки дар мулоқот ба лоиҳаҳои соҳаи хизматрасонии иҷтимоӣ, тандурустӣ, маориф, ҳифзи иҷтимоӣ, таҳияи консепсия, мустаҳкам кардани волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқи инсон низ диққати хосса дода шуд. Ҳамчунин вазъи занону маъюбон, шахсони имконияташон маҳдуд, пирон ва онҳое, ки ба кумакҳои иловагии иҷтимоӣ ниёз доранд, мавриди муҳокима қарор гирифт.
А. Зуев иттилоъ дод, ки тӯли солҳои 2010-2014 дар доираи амалисозии барномаҳояшон 346 миллион доллари амрикоӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои ислоҳоти идораи давлатӣ, маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кишоварзӣ, бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ сарф кардаанд.
«Кумакҳои мо ба он падидаҳое, ки дар кишварҳои ба Тоҷикистон таъсиргузор пайдо шудаанду паёмадҳояшон дар иқтисоди Тоҷикистон дида мешаванд, равона мешаванд. Ҳамин тавр, дар маҷмӯъ ниҳодҳои СММ, ки дар Тоҷикистон фаъолият доранд, дар оянда низ дар доираи ин барномаҳояшон кумакҳои худро идома хоҳанд дод»,-зикр кард намояндаи доимии Барномаи рушди СММ, ҳамоҳангсози фаъолияти СММ дар Тоҷикистон.
Ёдовар мешавем, ки имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 ниҳоди СММ фаъолият мекунад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст






