Хатлон: Ярмаркаи фурӯши ниҳолҳо ва гулу гулбуттаҳо

Февраль 13, 2015 08:59

Душанбе, 13.02.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- 14 ва 15 феврали соли ҷорӣ  дар бозори «Ҳоҷӣ Шариф»-и шаҳри Қӯрғонтеппа ва боғи фарҳангии  шаҳри Кӯлоб бо иштироки гурӯҳҳои шаҳру ноҳияҳои минтақаҳои   Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб ярмаркаи фурӯши ниҳолҳо, гулу гулбуттаҳо ва тухмии зироатҳо баргузор мегардад. 
Барои дар сатҳи баланд гузаронидани чорабинии мазкур муовини якуми раиси вилоят Қ.  Ҳакимзода  дар як ҷаласаи корӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Ниҳолпарвароне, ки ба парвариши ниҳолҳои мевадиҳанда ва ороишӣ, гулу гулбуттаҳо, тухмиҳо машғуланд, метавонанд бо пешниҳоди ниҳолҳои хушсифат ва ҷавобгӯ ба талабот соҳиби туҳфаҳои хотиравӣ гарданд.

Февраль 13, 2015 08:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид