Муаррифии натиҷаҳои ислоҳоти соли 2014
Душанбе, 25.02.2015 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).-Имрӯз бо ташаббуси Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи “Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ҳамчун омили муколамаи байни давлат ва бахши хусусӣ” мизи мудаввар баргузор гардид.
Дар чорабинӣ намояндагони доираҳои соҳибкорӣ, роҳбарон ва намояндагони ассотсиатсияҳои соҳавии соҳибкорӣ, мақомоти давлатӣ ва шарикони рушд иштирок намуданд.
Чорабиниро роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Нуъмон Абдуҷабборов ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки ҳадафи чорабинӣ муаррифии натиҷаҳои ислоҳоти соли 2014 дар доираи фаъолияти Шӯрои машваратии назди Президенти Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ таҳти сарварии Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон татбиқгардида мебошад.
Муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Нигина Анварӣ зикр кард, ки дастгирии соҳибкорӣ, рушди бахши хусусӣ ва ташаккули фазои мусоид барои сармоягузорӣ аз самтҳои муҳими фаъолияти Шӯрои машваратӣ ва кумита ба шумор меравад.
Бо ин мақсад соли ҷорӣ бо ташаббуси Шӯрои машваратӣ дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ва бахши хусусӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ” дар таҳрири нав бо истифода аз таҷрибаи байналмилалӣ ва марҳилаи дуюми «Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ барои солҳои 2012-2020» дар се соли оянда, яъне солҳои 2015-2017 қабул гардида, мавриди амал қарор дорад.
Дар ин робита ба ҳозирин оид ба нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани нишондиҳандаҳои мамлакат дар ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ”-и Бонки Ҷаҳонӣ, нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ, нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз натиҷаи мулоқот бо соҳибкорон ва сармоягузорон аз 14 октябри соли 2014, натиҷаҳои Форуми иқтисодиву сармоягузории Душанбе-2014 таҳти унвони “Соҳибкорӣ — муҳаррики иқтисодиёт”, натиҷаҳои ҷаласаҳои 13 ва 14-уми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ маълумоти муфассал пешниҳод шуд.
Зикр гардид, ки нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар бахши суғурта аз декабри соли 2014 тасдиқ шуда, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» дар таҳрири нав таҳия гардид.
Ҳамчунин иштирокчиён вобаста ба аҳмият ва муҳимияти натиҷаҳои ислоҳот оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, аз ҷумла ташкили рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Тоҷикистон, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ ва суғурта, шомилшавии Тоҷикистон ба Конвенсияи Гаага ё худ Конвенсияи Апостил оид ба бекор намудани легализатсияи ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ, ҷалби сармояхо ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ, рушди бахши хусусӣ, сухан гуфта, саҳми Шӯроро дар ин раванд мусбат арзёбӣ намуданд.








РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст
Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити ҷаҳонии «India AI Impact Summit 2026» иштирок намуд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ маҳфили адабӣ доир шуд
МАКТАБИ МАРДОНАГӢ. Волидайни сарбозон ба қисмҳои ҳарбӣ ба дидори фарзандонашон рафтанд
Ба дӯстонатон рақами мобилиро барои муоширати муфид туҳфа намоед!






