Ғалабаи «Барселона» ва шикасти «Бавария»

Апрель 21, 2015 16:34

Душанбе, 21.04.2015. (АМИТ «Ховар», Меҳрони Қурбон)-  Бошгоҳи футболи «Бавария»-и Мюнхен аз Олмон дар сафар бо дастаи «Порту»-и Португалия дар доираи бозиҳои ј ниҳоии Лигаи чемпионҳо мухлисонашро ғамгин кард. Дар дақиқаи 3-юми вохӯрӣ Куарежма аз тариқи ҷазои 11-метра ҳисобро боз намуд. Ӯ аз иштибоҳи Хави Алонсо ва дарвозабон Мануэл Нойер, ки ба саросемагӣ роҳ доданд, истифода бурда, ҳисобро 1 бар 0 анҷом дод. Дар дақиқаи 23-юм ба дарвозаи «Порту» як ҳуҷуми хатарнок созмон дода шуд. Пас аз 7 дақиқа боз ҳамин бозингар — Куарежма ташаббус нишон дода, натиҷаро ба нафъи тими хеш «Порту» анҷом дод ва як тӯби дигар ба дарвозаи ҳарифон ворид намуд. Ниҳоят нуқтаи охиринро дар ин вохӯрӣ Мартинес гузошт. Ҳамин тавр ҳисоб 3 бар 1 бар нафъи тими «Порту» анҷом ёфт. 
Дар вохӯрии дигари ин даври мусобиқа дастаи «Барселона»-и Испания вохӯрии нахустини худро дар сафар бо дастаи «ПСЖ»-и Фаронса бо пирӯзӣ анҷом дод. Дастаи  «Пари Сен Жермен», ки бо сабабҳои гуногун бе ширкати якчанд бозингарони пурқувваташ, аз ҷумла — Златан Иброҳимович ба майдон баромада, бозии начандон хубро нишон дод. Неймар 1 маротиба ва Луис Суарес ду маротиба тӯбҳоро ба нишон расониданд.
Хотирасон менамоем, голи аввал, ки муаллифаш Неймар буд, бо партофти зебои Леонел Месси ба ҳадаф расид. Матте, ки узви дастаи «Барселона» мебошад, имкон ёфт 1 маротиба ташаббус нишон диҳад, аммо тӯбро на ба «ПСЖ», балки ба дарвозаи худ равона намуд. Беҳтарин бозингари вохӯрӣ ҳамлагари уругваӣ — Луис Суарес ба қайд гирифта шуд. Ҳамин тавр бозии аввал бо ҳисоби 3 бар 1 ба нафъи «Барселона» хотима ёфт.
 
 

Апрель 21, 2015 16:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст