Ғалабаи «Хуҷанд» бар дастаи «Парвоз» дар Лигаи олӣ

Апрель 21, 2015 16:25

Душанбе, 21.04.2015. (АМИТ «Ховар», Меҳрони Қурбон) — Бозиҳои даври дуюми мусобиқаи 24-уми қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ рӯзи  18 апрел  баргузор шуданд. Дастаи «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров дар майдони худ аз дастаи  «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо ҳисоби 0-3 шикаст хӯрд. Голҳоро Иброҳим Рабимов, Аҳтам Ҳамроқулов ва Ҳасан Рустамов ба самар  расониданд.
Бозии дастаи  ССКА «Помир»-и Душанбе бо дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа дар майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии пойтахт бо ҳисоби мусовии 0-0 ба анҷом расид.
Бояд тазаккур дод, ки бо сабаби зиёд шудани теъдоди дастаҳои ширкаткунандаи сабқати Лигаи олӣ, Лигаи миллии Тоҷикистон тасмим гирифт, ки мусобиқаи 24-уми қаҳрамонии кишвар бо ширкати даҳ даста дар ду давра гузаронида шавад. Дар арафаи мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии кишвар масъалаи маблағгузории бошгоҳи футболи «Энергетик»-и Душанбе ҳал шуд. Ин даста, ки ширкаткунандаи даҳуми чемпионати Тоҷикистон-2015 мебошад, имсол «Барқи тоҷик» ном гирифт.
Лигаи миллии Тоҷикистон тақвими бозиҳои чемпионатро, ки аз се давра иборат буд, тағйир дод ва акнун дастаҳо дар ду давра бозӣ мекунанд. 
Бояд зикр намуд, ки ҳар як даста имсол 18 бозӣ анҷом медиҳад.
 
 

Апрель 21, 2015 16:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст