Ғолибияти ҳозирҷавобони Хуҷанд дар «Кубоки баҳорӣ»

Апрель 3, 2015 10:32

Душанбе,03.04.2015 (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Бо даъвати лигаи олии Маҳфили ҳозирҷавобони (КВН) Ҷумҳурии Қирғизистон бори нахуст аз Тоҷикистон дастаи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар озмуни «Кубоки баҳорӣ»-и ин кишвар иштирок намуд.
Ба иттилои Абдусабури Абдуваҳҳоб, сухангӯи донишкада, ба ин чорабинӣ, ки чун мусобиқаи Осиёимиёнагии маҳфили ҳозирҷавобон байни муассисаҳои олӣ маҳсуб мешуд, 22 дастаи дигар аз ҷумҳуриҳои Қирғизистону Қазоқистон низ даъват шуданд.
Тавре ки Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст, 29- уми  март  дар қасри варзишии шаҳри Бишкек дар ҳузури беш аз 5 ҳазор  тамошобин донишҷӯёни донишкада маҳорати баланди ҳунари актёрӣ, зарофатгӯӣ ва сарояндагӣ нишон дода, дар ҷамъбаст ғолиби мутлақ шуда, Ҷоми Маҳфили ҳозирҷавобони (КВН) Ҷумҳурии Қирғизистонро ба даст оварданд. Ҳамзамон 17 дастаи дигар ба даври навбатии озмун роҳхат гирифтанд.
Сарвари кулли Маҳфили ҳозирҷавобони Ҷумҳурии Қирғизистон Евгений Акопян дар ҷамъбаст ба ҳунарнамоии донишҷӯёни тоҷикистонӣ баҳои баланд дода, зикр кард, ки ягон қувва пеши роҳи дӯстии байни миллатҳоро намегирад ва имрӯз ин чорабинӣ бори дигар ин гуфтаҳоро тасдиқ намуд. Мавсуф ба фаъолияти донишҷӯёни донишкада барор хоста, ба озмуни навбатӣ, ки моҳи июли соли равон дар шаҳри Исиқкӯли ин ҷумҳурӣ барпо мегардад, даъват намуд.

Апрель 3, 2015 10:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст