Қаҳрамонҳои ҷавони самбои Тоҷикистон

Апрель 20, 2015 14:33

Душанбе, 20.04.2015. (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои Тоҷикистон байни варзишгарони солҳои таваллудашон 1997 — 1999, ки рӯзҳои 18 ва 19- уми апрел дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд  баргузор шуд, 250 гӯштингири ҷавон аз шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру навоҳии тобеи марказ (ШНТМ) ширкат дошт. 
Тавре ки  Маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар додааст: «Гӯштингирони ҷавон дар даҳ вазн қувваозмоӣ карданд, дар шаш вазн гӯштингирони душанбегӣ — Масъуд Кӯканшоев (48 кг), Зафарҷон Алиев (56 кг), Алӣ Шарифов (70 кг), Саймуъмин Алиев (75 кг), Осмонбек Кӯканиев (81 кг) ва Сомон Неъматов (беш аз 87кг)  ҷойҳои аввалро касб карданд. Дар ду вазн аъзои дастаи Хатлон- 2  —  Фирдавс Мирзоев (52 кг) ва Шариф Назриев (87 кг) — ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтанд. Дар як вазн паҳлавони вилояти Суғд Саиднабӣ Камолов (65 кг) ва дар як вазни дигар узви тими мунтахаби ШНТМ Сайриддин Шоев (60 кг) ғолиб шуданд”. 
Ғолибони мусобиқа ҳуқуқ пайдо карданд, ки дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон моҳи сентябр дар шаҳри Ашқободи Туркманистон дар чемпионати Осиё байни навҷавонон ва моҳи октябр дар шаҳри Ригаи Латвия дар чемпионати ҷаҳон миёни навҷавонон ширкат варзанд.
 
 
 

Апрель 20, 2015 14:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст