Ҳашт голи беҷавоби «Истиқлол» ба дарвозаи «Парвоз»
Душанбе, 25.04.2015. (АМИТ «Ховар», Меҳрони Қурбон).-Бозиҳои даври сеюми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ рӯзи 24 апрел бо бозӣ байни дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе — ва“Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор шуд. Дастаи “Истиқлол” дастаи “Парвоз”-ро бо ҳисоби бузург 8-0 шикаст дод.
Ёдовар мешавем, ки чаҳор бозии дигари даври сеюм рӯзи 25 апрел баргузор шуд. Дастаи «Далерон-Ӯротеппа»-и Истаравшан дар майдони худ бар дастаи «Хайр»-и Ваҳдат бо ҳисоби 3-0, дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд бар дастаи ССКА «Помир»-и Душанбе ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бар дастаи «Барқи тоҷик»-и Душанбе бо ҳисоби якхелаи 1-0 ғолиб омаданд. Хотиррасон менамоем, ки дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа аз дастаи меҳмон — «Равшан»-и Кӯлоб — бо ҳисоби 0-1 шикаст хӯрд.
Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии се давр дар ҷадвали мусобиқа дастаи “Истиқлол” бо 9 имтиёз пешсаф аст. Дастаи “Регар-ТадАЗ” бо 7 имтиёз дар зинаи дуюм қарор дорад. Дастаҳои“Хуҷанд” ва“Хайр” 6 имтиёзӣ ба даст овардаанд. Бо назардошти таносуби беҳтари тӯбҳо “Хуҷанд” дар зинаи сеюм ва “Хайр” дар зинаи чорум чорум ҷойгир шудаанд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






